https://sputnik.tj/20220304/tojikiston-raddabandi-jahoni-judo-1046497520.html
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии ҷудо боло рафт
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии ҷудо боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи байналмилалии ҷудо рейтинги навашро нашр кард
2022-03-04T07:00+0500
2022-03-04T07:00+0500
2022-03-04T12:48+0500
дзюдо
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0f/1033001886_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_6dd6702a7adb3f896a32b8184f12f77f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 март — Sputnik. Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) рейтинги ҷаҳониро бознигарӣ кард, ки дар натиҷа теъдоде аз варзишгарони тоҷик мавқеи худро иваз карданд.Натиҷаи беҳтарин дар феҳристи навшудаи ҷудодочиёни тоҷик аз Темур Раҳимов аст, ки дар вазни +100 кг (3384 имтиёз) мақоми 4-умро ишғол мекунад. Ӯ ин навбат ду зина мавқеашро боло бурдааст.Баъдан Комроншоҳи Устопириён (90 кг) 2320 имтиёз дорад ва дар ҷаҳон мақоми 12-умро ишғол мекунад (ду зина боло рафт).Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг бо 2162 имтиёз дар зинаи 15-ум дар феҳристи ҷаҳонӣ мавқеашро нигоҳ дошт. Дар вазни 60 кило миёни тоҷикон дар ҷои чаҳорум Шаҳбоз Саидаброров бо 890 имтиёз дар ҷойи 42-юм аст.Дар вазни то 90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов ду зина мавқеашро беҳтар карда, ба зинаи 57 (546 хол) баромад. Акмал Муродов бошад, дар вазни 81 кг (601 хол) дар зинаи 58-ум аст.Муҳаммадраҳим Сарахонов, ҳафтумин варзишгари беҳтарини тоҷик бо 420 имтиёз дар вазни 73 кило дар ҷойи 73-юм қарор дорад.Ин рейтинг намояндагони тими занонаи Тоҷикистонро низ шомил мешавад. Дар радабандии занони ҷудочиёни тоҷик Шукрон Қарчиева дар вазни 48 кг (272 имтиёз) мақоми 78-умро ишғол мекунад. Шоҳида Қаландарова дар вазни 63 кг дар ҷои 164-ум қарор дорад.Ҷадвали мақомҳо аз рӯи баромадҳои варзишгарон дар арсаи байналмилалӣ ташаккул меёбад. Аммо бо гузашти вақт арзиши рейтингии натиҷаҳои қаблӣ коҳиш меёбад ва онҳо бо натиҷаҳои навтарин иваз карда мешаванд.Хусусиятҳои дигари ҳисобу китоб низ ҳастанд, масалан, 6 нишондиҳандаи беҳтарини сол ба ҳисоби ҷудочӣ ворид карда мешавад. Баромад дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба сатҳи мусобиқа ба хазинаи ҷудочиён хол меорад.
https://sputnik.tj/20220302/temur-behtarin-varzishkor-2021-1046429016.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0f/1033001886_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_f5574e530034ee09c7049e4618fbefe9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон раддабандӣ ҷаҳон ҷудо
тоҷикистон раддабандӣ ҷаҳон ҷудо
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии ҷудо боло рафт
07:00 04.03.2022 (Навсозишуда: 12:48 04.03.2022) Федератсияи байналмилалии ҷудо рейтинги навашро нашр кард
ДУШАНБЕ, 4 март — Sputnik. Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) рейтинги ҷаҳониро бознигарӣ кард, ки дар натиҷа теъдоде аз варзишгарони тоҷик мавқеи худро иваз карданд.
Натиҷаи беҳтарин дар феҳристи навшудаи ҷудодочиёни тоҷик аз Темур Раҳимов аст, ки дар вазни +100 кг (3384 имтиёз) мақоми 4-умро ишғол мекунад. Ӯ ин навбат ду зина мавқеашро боло бурдааст.
Баъдан Комроншоҳи Устопириён (90 кг) 2320 имтиёз дорад ва дар ҷаҳон мақоми 12-умро ишғол мекунад (ду зина боло рафт).
Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг бо 2162 имтиёз дар зинаи 15-ум дар феҳристи ҷаҳонӣ мавқеашро нигоҳ дошт. Дар вазни 60 кило миёни тоҷикон дар ҷои чаҳорум Шаҳбоз Саидаброров бо 890 имтиёз дар ҷойи 42-юм аст.
Дар вазни то 90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов ду зина мавқеашро беҳтар карда, ба зинаи 57 (546 хол) баромад. Акмал Муродов бошад, дар вазни 81 кг (601 хол) дар зинаи 58-ум аст.
Муҳаммадраҳим Сарахонов, ҳафтумин варзишгари беҳтарини тоҷик бо 420 имтиёз дар вазни 73 кило дар ҷойи 73-юм қарор дорад.
Ин рейтинг намояндагони тими занонаи Тоҷикистонро низ шомил мешавад. Дар радабандии занони ҷудочиёни тоҷик Шукрон Қарчиева дар вазни 48 кг (272 имтиёз) мақоми 78-умро ишғол мекунад. Шоҳида Қаландарова дар вазни 63 кг дар ҷои 164-ум қарор дорад.
Ҷадвали мақомҳо аз рӯи баромадҳои варзишгарон дар арсаи байналмилалӣ ташаккул меёбад. Аммо бо гузашти вақт арзиши рейтингии натиҷаҳои қаблӣ коҳиш меёбад ва онҳо бо натиҷаҳои навтарин иваз карда мешаванд.
Хусусиятҳои дигари ҳисобу китоб низ ҳастанд, масалан, 6 нишондиҳандаи беҳтарини сол ба ҳисоби ҷудочӣ ворид карда мешавад. Баромад дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба сатҳи мусобиқа ба хазинаи ҷудочиён хол меорад.