Акмалиддин, Темур ва Миҷгона беҳтарин варзишкорони соли 2021 эълон шуданд

© Пресс-служба Олимпийского комитета РТТемур Рахимов – лучший спортсмен Таджикистана 2021
Темур Рахимов – лучший спортсмен Таджикистана 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон беҳтаринҳо дар соҳаи варзиш муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар Тоҷикистон беҳтарин варзишгари соли 2021 дониста шуд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Темур Раҳимов соли 2021 дар "Гран Слам"-и Боку (5-7.11.2021) медали нуқра, дар "Гранд Слам"-и Абузабӣ (26-28.11.2021) ва Қаҳрамонии Осиё/Уқёнусия (6-9.04.2021) медали биринҷӣ ва дар мусобиқаи байналмилалии ҷудои Ҷоми президенти Тоҷикистон (1-5.10.2021) медали тило ба даст овард.
Ҳамчунин Раҳимов дар маросими кушодашавии 32-юм Бозиҳои олимпӣ дар Токиои Ҷопон (24.07.2021) парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон буд.

Ҷоизаи Беҳтарин варзишгари соли 2021 аз рӯи намудҳои ғайриолимпии варзиш насиби Акмалиддин Каримов шуд.
Утренняя зарядка в детском лагере. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Аз Душанбе то Хоруғ: эълони беҳтарин шаҳрҳои варзишии Тоҷикистон
Акмалиддин дар Қаҳрамонии ҷаҳонии самбо ба гирифтани унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, дар Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия медали нуқра, дар Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия медали биринҷӣ ба даст овард.

Инчунин Миҷгона Самадова, ки соли гузашта дар Ҷоми ҷаҳон ба гирифтани медали тило ва дар Чемпионати Осиё ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид, ҷоизаи Беҳтарин варзишгарбонуи солро сазовор шуд.

Ҳамчунин дар ин маросим дар дигар номинатсияҳо барандагон ба таври зайл эълон шуданд:

Беҳтарин федератсияи миллӣ

Федератсияи тенниси Тоҷикистон;
Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Тоҷикистон.

Беҳтарин дастаи варзишӣ

Клуби футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе.

Беҳтарин мураббии соли 2021

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон Муҳаммадмурод Абдураҳмонов;
Сармураббии дастаи мунтахаби гӯштини юнонӣ-румии Тоҷикистон Равшан Ҳайдаров;
Сармураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон Мирзо Шамсиев;
Сармураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон Носир Бозоров;
Сармураббии дастаи мунтахаби бокси ҷавонони Тоҷикистон Носирҷон Азимов.

Беҳтарин шореҳи варзишӣ

Раҳматшо Обидов (ТВ "Тоҷикистон");
Муродалӣ Тешаев (ТВ "Варзиш");
Меҳрон Азимов (АМИТ "Ховар").

Беҳтарин муассисаи тарғибгари соҳаи варзиш дар соли 2021

ТВ "Варзиш";
ТВ "Футбол";
ТВ "Тоҷикистон".

Беҳтарин иншооти варзишӣ

Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара;
Қасри тенниси КВД “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон;
Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ;
Маҷмааи варзишии “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд.

Беҳтарин мактабҳои варзишӣ

Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин;
Мактаби варзишии захираҳои олимпии 9 оид ба бокс;
Мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб;
Мактаби варзишии шаҳри Ваҳдат;
Мактаби варзишии шаҳри Истаравшан;
Мактаби варзишии ноҳияи Ёвон;
Мактаби варзишии ноҳияи Кӯшониён;
Мактаби варзишии ноҳияи Қубодиён;
Мактаби варзишии ноҳияи Балхӣ;
Мактаби варзишии ноҳияи Шуғнон;
Мактаби варзишии ноҳияи Ишкошим;
Мактаби варзишии ноҳияи Рашт;
Мактаби варзишии ноҳияи Файзобод;
Мактаби варзишии ноҳияи Ашт;
Мактаби варзишии ноҳияи Шаҳристон.
Лентаи хабарҳо
0