https://sputnik.tj/20220304/tojikiston-qazoqiston-terrorizm-muboriza-1046497947.html
Тоҷикистон ва Қазоқистон якҷоя алайҳи терроризм мубориза мебаранд
Тоҷикистон ва Қазоқистон якҷоя алайҳи терроризм мубориза мебаранд
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони корҳои хориҷии ду ҷумҳурӣ масъалаҳои муҳимтаринро дар чаҳорчӯби Конфронси зиддитеррористии Тошканд баррасӣ карданд
2022-03-04T00:37+0500
2022-03-04T00:37+0500
2022-03-04T12:43+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
терроризм
мубориза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:432:4608:3024_1920x0_80_0_0_2e6a2a5a669444869b82ca9ddc0666f8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тоҷикистон бо Қазоқистон масоили амнияти минтақаро баррасӣ карданд, гузориш медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар.Ин масоилро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Мухтор Тлеубердӣ, муовини нахуствазир, вазири умури хориҷии Қазоқистон дар чаҳорчӯби конфронси зиддитеррористии Тошканд баррасӣ карданд.Маълум аст, ки дар ҷараёни мулоқот ҳамкорон доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ карданд.Дар конфронси сатҳи баланд муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман, роҳбарони ниҳодҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони СҲШ, САҲА ва дигар созмонҳо иштирок доштанд.Вазири корҳои хориҷии кишвар низ дар ин ҳамоиш суханронӣ карда, намояндагони кишварҳои узви СММ-ро барои ширкат дар конфронси "Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он", ки моҳи октябри соли 2022 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, даъват кард
https://sputnik.tj/20220303/muhriddin-smm--dushanbe-davat-1046485402.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_db40810332627bbeb524a76379a079d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қазоқистон терроризм мубориза
тоҷикистон қазоқистон терроризм мубориза
Тоҷикистон ва Қазоқистон якҷоя алайҳи терроризм мубориза мебаранд
00:37 04.03.2022 (Навсозишуда: 12:43 04.03.2022) Вазирони корҳои хориҷии ду ҷумҳурӣ масъалаҳои муҳимтаринро дар чаҳорчӯби Конфронси зиддитеррористии Тошканд баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тоҷикистон бо Қазоқистон масоили амнияти минтақаро баррасӣ карданд, гузориш медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар.
Ин масоилро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Мухтор Тлеубердӣ, муовини нахуствазир, вазири умури хориҷии Қазоқистон дар чаҳорчӯби конфронси зиддитеррористии Тошканд баррасӣ карданд.
"Тарафҳо дар бораи масъалаҳои мубрами амнияти минтақаӣ ва ҳамкории давлатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули афкор намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Маълум аст, ки дар ҷараёни мулоқот ҳамкорон доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ карданд.
Дар конфронси сатҳи баланд муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман, роҳбарони ниҳодҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони СҲШ, САҲА ва дигар созмонҳо иштирок доштанд.
Вазири корҳои хориҷии кишвар низ дар ин ҳамоиш суханронӣ карда, намояндагони кишварҳои узви СММ-ро барои ширкат дар конфронси "Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он", ки моҳи октябри соли 2022 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, даъват кард