https://sputnik.tj/20220304/shab-ruz-barqrasoni-tojikiston-mushkil-1046525753.html
Ҳам шаб ва ҳам рӯз. Идомаи қатъи барқ дар шимоли кишвар
Ҳам шаб ва ҳам рӯз. Идомаи қатъи барқ дар шимоли кишвар
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони деҳоти Тоҷикистон дар бораи қатъшавии интиқоли барқ дар фасли баҳор таъкид мекунанд
2022-03-04T17:00+0500
2022-03-04T17:00+0500
2022-03-04T18:49+0500
қувваи барқ
дар тоҷикистон
лимити барқ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101440/12/1014401296_0:92:1600:993_1920x0_80_0_0_40bd493f1c12530d1f33c2647a467c2c.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Дар Тоҷикистон умед доштанд, ки бо оғози фасли баҳор "лимит" аз байн меравад, аммо ба гуфтаи сокинон, вазъ дар ин бахш беҳтар нею бадтар шудааст.Бо оғози фасли баҳор барқрасонӣ муназзам сурат намегирад. Тавре ба ҳама маълум аст, дар деҳоти кишвар ҳоло сардиҳо идома дорад.Анушервон Ёдгоров, як сокини ноҳияи Истаравшан ба Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, қатъи интиқоли барқ дар шароити рустоҳо, ки он ҷо ҳанӯз сардиҳо хатм нашудаанд, кору зиндагии онҳоро ба мушкил мувоҷеҳ мекунад.“Ба ҳама маълум аст, ки то Иди Наврӯз ҳамаи хонаҳо аз тариқи бухориву сандалиҳо гарм мешаванд. Аммо дар чунин ҳол торикӣ боз ҳам таъсир мерасонад”, - мегӯяд манбаъ.Номбурда мегӯяд, дар дигар минтақаҳо низ вазъ чунин буда, сокинон дар як шабонарӯз ҳамагӣ ҳашт соат барқ мегиранд.Чунин вазъи барқрасониро сокинони водии Зарафшон ва ҳамзамон навоҳии дигар Суғд низ таъйид карданд.Рустам Пӯлотов, раиси ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки тақсимоти барқи ҳама шаҳру навоҳии Суғдро ҳамин идора зери назорат дорад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон қатъи барқ дар як қисмати шабонарӯз дар Суғдро таъйид кард.Ин масъули идораи барқрасонии Суғд гуфт, ки ин мушкил ба гузаронидани таъмири хатҳои байнидавлатӣ ба вуҷуд омада ва дер давом намекунад.Мушкили қатъи интиқоли барқ дар саросари кишвар аз нимаҳои моҳи сентябри соли гузашта шуруъ шуда, то моҳи декабр давом кард.Масъулони идораҳои тақсимоти барқ дар оғози фасли тирамоҳ қатъи нерӯи барқро ба ҷараёни таъмир дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои интиқоли барқ рабт медоданд. Онҳо мегуфтанд, ин ҳама корҳои профилактикӣ буда, барои дар сардиҳои фасли тирамоҳу зимистон бе мушкил расонидани барқи доимӣ ба аҳолӣ роҳандозӣ шудаанд.Сокинон мегӯянд, ҳанӯз сардиҳои фасли зимистон сипарӣ нашуда, масъулин дубора ба қатъи барқ дар шабу рӯз шуруъ кардаанд.
https://sputnik.tj/20220301/barqi-tojik-ki-chand-pul-qarzdor-1046404064.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101440/12/1014401296_103:0:1427:993_1920x0_80_0_0_5d3958546f46674f91c52d0c9472e2ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барқрасонӣ тоҷикистон мушкил
барқрасонӣ тоҷикистон мушкил
Ҳам шаб ва ҳам рӯз. Идомаи қатъи барқ дар шимоли кишвар
17:00 04.03.2022 (Навсозишуда: 18:49 04.03.2022) Сокинони деҳоти Тоҷикистон дар бораи қатъи барқ дар фасли баҳор таъкид мекунанд
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Дар Тоҷикистон умед доштанд, ки бо оғози фасли баҳор "лимит" аз байн меравад, аммо ба гуфтаи сокинон, вазъ дар ин бахш беҳтар нею бадтар шудааст.
Бо оғози фасли баҳор барқрасонӣ муназзам сурат намегирад. Тавре ба ҳама маълум аст, дар деҳоти кишвар ҳоло сардиҳо идома дорад.
Анушервон Ёдгоров, як сокини ноҳияи Истаравшан ба Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, қатъи интиқоли барқ дар шароити рустоҳо, ки он ҷо ҳанӯз сардиҳо хатм нашудаанд, кору зиндагии онҳоро ба мушкил мувоҷеҳ мекунад.
“Ба ҳама маълум аст, ки то Иди Наврӯз ҳамаи хонаҳо аз тариқи бухориву сандалиҳо гарм мешаванд. Аммо дар чунин ҳол торикӣ боз ҳам таъсир мерасонад”, - мегӯяд манбаъ.
Номбурда мегӯяд, дар дигар минтақаҳо низ вазъ чунин буда, сокинон дар як шабонарӯз ҳамагӣ ҳашт соат барқ мегиранд.
"Субҳ, аз соати 05:00 барқ медиҳанд, соати 08:00 хомӯш мекунанд. Шом бошад, аз соати 17:00 барқро равшан мекунанду соати 22:00 қатъ мекунанд",- афзуд Ёдгоров.
Чунин вазъи барқрасониро сокинони водии Зарафшон ва ҳамзамон навоҳии дигар Суғд низ таъйид карданд.
Рустам Пӯлотов, раиси ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки тақсимоти барқи ҳама шаҳру навоҳии Суғдро ҳамин идора зери назорат дорад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон қатъи барқ дар як қисмати шабонарӯз дар Суғдро таъйид кард.
Ин масъули идораи барқрасонии Суғд гуфт, ки ин мушкил ба гузаронидани таъмири хатҳои байнидавлатӣ ба вуҷуд омада ва дер давом намекунад.
“Ҳоло дар хатҳои баландшиддати байнидавлатҳо таъмир (профилактика) рафта истодааст. Бо супориши Хадамоти танзимгарии марказӣ қатъи барқ ба вуҷуд омадааст. Ин мушкил рӯзҳои наздик бартараф мешавад”, – гуфт Пӯлотов.
Мушкили қатъи интиқоли барқ дар саросари кишвар аз нимаҳои моҳи сентябри соли гузашта шуруъ шуда, то моҳи декабр давом кард.
Масъулони идораҳои тақсимоти барқ дар оғози фасли тирамоҳ қатъи нерӯи барқро ба ҷараёни таъмир дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои интиқоли барқ рабт медоданд. Онҳо мегуфтанд, ин ҳама корҳои профилактикӣ буда, барои дар сардиҳои фасли тирамоҳу зимистон бе мушкил расонидани барқи доимӣ ба аҳолӣ роҳандозӣ шудаанд.
Сокинон мегӯянд, ҳанӯз сардиҳои фасли зимистон сипарӣ нашуда, масъулин дубора ба қатъи барқ дар шабу рӯз шуруъ кардаанд.