"Барқи тоҷик": кӣ чанд пул қарздор?

Обуна шудан
Ҳаҷми қарзи "Барқи тоҷик" ба ҳаҷми буҷаи яксолаи давлатӣ дар Тоҷикистон, ки 33 млрд. сомониро ташкил медиҳад, наздик шудааст
Ширкати "Барқи тоҷик", ки бозори нерӯи барқи Тоҷикистонро қариб пурра дар ихтиёр дорад, ба андозаи сеяки маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар қарздор мебошад. Ширкат аз кӣ чӣ қадар қарздор асту кадоме аз мизоҷонаш ҳаққи барқро надодаанд, дар тасвирбаёни зер нишон дода шудааст.
Бар асоси омори расмӣ, қарзи "Барқи тоҷик" то аввали соли равон 32,3 млрд. сомонӣ, муодили 2,9 млрд. доллар шудааст. Аз ҳама зиёд "Барқи тоҷик" аз Вазорати молияи Тоҷикистон қарздор будааст, ки он ҳудуди 24,1 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Маълум аст, ки ширкат барои татбиқи лоиҳаҳои нерӯи барқ ​​қарз гирифтааст.
Ҳамчунин ин ширкат аз нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" 4,3 млрд., аз ҶСК "НБО Роғун" 630 млн., аз ҶСК "Тоҷиктрансгаз" 362 млн ва ширкатҳои воридкунандаи ангишт ба нерӯгоҳи ҳароратии Душанбе 215 млн. сомонӣ қарздор аст.
Дар баробари ин масъулини "Барки тоҷик" мегӯяд, шаҳрвандону корхонаҳои зиёд аз ин ширкат қарздоранд. Теъдоди умумии қарзи корхонаю мардум дар назди "Барқи тоҷик" 3,3 млрд. сомонӣ арзёбӣ мешавад, ки аз ин 1,38 млрд. сомонияш ба аҳолӣ нисбат дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0