https://sputnik.tj/20220304/korshinos-tavzeh-kharid-moshin-tojikiston-1046497729.html
Коршинос тавзеҳ дод, ки чаро харидани мошин дар Тоҷикистон барои русҳо фоидаовар нест
Коршинос тавзеҳ дод, ки чаро харидани мошин дар Тоҷикистон барои русҳо фоидаовар нест
Sputnik Тоҷикистон
Иқтисодчӣ гуфт, ки дар кадом кишвар метавон мошинҳои хориҷиро, ки дар Федератсияи Русия таҳрим шудаанд, бо нархи дастрас харид
2022-03-04T09:03+0500
2022-03-04T09:03+0500
2022-03-04T13:01+0500
дар русия
дар тоҷикистон
автомобил
иқтисод
таҳримот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101554/30/1015543089_0:274:3155:2048_1920x0_80_0_0_dc60b6d67479e10906794d30909354dc.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Хариди мошинҳои хориҷӣ аз соири кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба Тоҷикистон арзонтар аст. Дар ин бора иқтисодшиноси мустақил Шерзод Назаров дар суҳбат бо РИА "Новости" иттилоъ додааст.Ба гуфтаи ӯ, ба далели ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия шаҳрвандони ин кишвар ба харидории мошинҳо аз бозорҳои мавҷудаи хориҷӣ шуруъ мекунанд.Ба бовари иқтисоддон, афзоиши талабот табиатан бо арзиши пешниҳодҳо алоқаманд хоҳад буд.Ӯ қайд кард, ки дар чунин вазъият дараҷаи даромадро ба назар гирифтан лозим аст. Иқтисоддон тавзеҳ дод, масалан, дар Тоҷикистон аз сабаби гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймо қимати мошин гаронтар хоҳад буд, зеро ин ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия марзи муштарак надоранд.Аммо агар шахс тайёр бошад, ки маблағи зиёд сарф кунад, аз Тоҷикистон мошинҳои хуби истеҳсоли хориҷиро харидан мумкин аст.Назаров дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА "Новости" гуфт, фурӯшгоҳҳои мошин дар Тоҷикистон аслан аз моделҳои нави мошин пуранд, аммо то ҳол талабот ба онҳо афзоиш наёфтааст.Агар шумо хоҳед, ки мошини истеҳсоли хориҷӣ харидорӣ кунед, иқтисоддон тавсия додааст, ки ба бозори мошинҳои Арманистон таваҷҷуҳ кунед.Ёдовар мешавем, ки ба далели амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс таҳримҳои густарда алайҳи ин кишвар ҷорӣ шуданд.Аз ҷумла корхонаҳои пешқадами тавлиди автомобил аз додани мошинҳои нав ба Русия даст кашиданд. "Audi", "Volkswagen", "Chevrolet", "Skoda", "Land Rover" дар зумраи чунин ширкатҳо мебошанд.
https://sputnik.tj/20220214/afzoish-voridot-moshin-sughd-1045830048.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101554/30/1015543089_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0cbad6d6af7ff6ecfe8f75a71f1a351f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос харид мошин тоҷикистон русҳо
коршинос харид мошин тоҷикистон русҳо
Коршинос тавзеҳ дод, ки чаро харидани мошин дар Тоҷикистон барои русҳо фоидаовар нест
09:03 04.03.2022 (Навсозишуда: 13:01 04.03.2022) Як иқтисодчӣ гуфт, дар кадом кишвар метавон мошинҳои хориҷиро, ки дар Федератсияи Русия таҳрим шудаанд, бо нархи дастрас харид
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Хариди мошинҳои хориҷӣ аз соири кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба Тоҷикистон арзонтар аст. Дар ин бора иқтисодшиноси мустақил Шерзод Назаров дар суҳбат бо РИА "Новости" иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ба далели ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия шаҳрвандони ин кишвар ба харидории мошинҳо аз бозорҳои мавҷудаи хориҷӣ шуруъ мекунанд.
Ба бовари иқтисоддон, афзоиши талабот табиатан бо арзиши пешниҳодҳо алоқаманд хоҳад буд.
"Тағйир додани самти бозор барои русҳо зиёновар аст. Агар онҳо мехоҳанд, аз Тоҷикистон мошини таҳримшуда харидорӣ кунанд, арзиши он нисбат ба кишварҳои минтақа гаронтар мешавад", - таъкид кард Назаров.
Ӯ қайд кард, ки дар чунин вазъият дараҷаи даромадро ба назар гирифтан лозим аст.
Иқтисоддон тавзеҳ дод, масалан, дар Тоҷикистон аз сабаби гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймо қимати мошин гаронтар хоҳад буд, зеро ин ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия марзи муштарак надоранд.
Аммо агар шахс тайёр бошад, ки маблағи зиёд сарф кунад, аз Тоҷикистон мошинҳои хуби истеҳсоли хориҷиро харидан мумкин аст.
Назаров дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА "Новости" гуфт, фурӯшгоҳҳои мошин дар Тоҷикистон аслан аз моделҳои нави мошин пуранд, аммо то ҳол талабот ба онҳо афзоиш наёфтааст.
Агар шумо хоҳед, ки мошини истеҳсоли хориҷӣ харидорӣ кунед, иқтисоддон тавсия додааст, ки ба бозори мошинҳои Арманистон таваҷҷуҳ кунед.
Ёдовар мешавем, ки ба далели амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс таҳримҳои густарда алайҳи ин кишвар ҷорӣ шуданд.
Аз ҷумла корхонаҳои пешқадами тавлиди автомобил аз додани мошинҳои нав ба Русия даст кашиданд. "Audi", "Volkswagen", "Chevrolet", "Skoda", "Land Rover" дар зумраи чунин ширкатҳо мебошанд.