https://sputnik.tj/20220214/afzoish-voridot-moshin-sughd-1045830048.html
Афзоиши воридоти мошинҳои хориҷӣ ба Суғд: нархи миёнаи ҳар кадомаш 3,8 ҳазор доллар
Афзоиши воридоти мошинҳои хориҷӣ ба Суғд: нархи миёнаи ҳар кадомаш 3,8 ҳазор доллар
Sputnik Тоҷикистон
Тайи як сол воридоти мошинҳо дар шимоли Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, дар соли 2021 ба минтақа беш аз 20 ҳазор мошин ворид шудааст
2022-02-14T14:00+0500
2022-02-14T14:00+0500
2022-02-14T14:00+0500
дар тоҷикистон
воридот
мошин
суғд
иқтисод
хадамоти гумруки тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102186/89/1021868955_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_897c425cc6d18b790ebe75dcb5431c65.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар вилояти Суғд воридоти мошинҳо сарфи назар аз пандемия ва дигар омилҳои иқтисодӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Баҳром Исматуллозода, сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, соли 2021 ба вилоят беш аз 20,1 ҳазор мошин ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1,4 ҳазор адад зиёд мебошад. Исматуллозода зикр кард, ки ҳаҷми воридот 77,6 миллион долларро ташкил дод. Як соли пеш 18,7 ҳазор мошин ба маблағи 71 миллион доллар ворид карда шуда буд. Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳаҷми умумии воридоти тамоми молҳо дар соли 2021 1,6 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 315 миллион доллар зиёд аст. Бояд гуфт, ки аксари мошинҳои воридотӣ ба кишвар мошинҳои кӯҳнаанд, ки ба категорияи хеле пасти нархҳо тааллуқ доранд. Таъминкунандагони аслии васоили нақлияи мусофирбар ба Тоҷикистон кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо буда, мошинҳои маъмултарини тоҷикон Опел, Ҳундай, Тойота ва Мерседес мебошанд. Дар мавриди мошинҳои боркаш бошад, онҳо ба кишвар асосан аз Чин оварда мешаванд. Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз соли 2020 Оҷонсии омори Тоҷикистон аз коҳиши чашмраси воридоти мошинҳо 73% ё 10,5 ҳазор хабар дода буд, ки ин рақам беш аз 3,8 миллион долларро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20220201/musofirbari-partovkashiu-obposh-dushanbe-china-1045397252.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102186/89/1021868955_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_d2fe0360f2a1588bbf76007986b415f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш воридот мошин суғд
афзоиш воридот мошин суғд
Афзоиши воридоти мошинҳои хориҷӣ ба Суғд: нархи миёнаи ҳар кадомаш 3,8 ҳазор доллар
Тайи як сол воридоти мошинҳо дар шимоли Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, дар соли 2021 ба минтақа беш аз 20 ҳазор мошин ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар вилояти Суғд воридоти мошинҳо сарфи назар аз пандемия ва дигар омилҳои иқтисодӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Баҳром Исматуллозода, сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, соли 2021 ба вилоят беш аз 20,1 ҳазор мошин ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1,4 ҳазор адад зиёд мебошад.
Исматуллозода зикр кард, ки ҳаҷми воридот 77,6 миллион долларро ташкил дод. Як соли пеш 18,7 ҳазор мошин ба маблағи 71 миллион доллар ворид карда шуда буд.
Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳаҷми умумии воридоти тамоми молҳо дар соли 2021 1,6 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 315 миллион доллар зиёд аст.
Бояд гуфт, ки аксари мошинҳои воридотӣ ба кишвар мошинҳои кӯҳнаанд, ки ба категорияи хеле пасти нархҳо тааллуқ доранд.
Таъминкунандагони аслии васоили нақлияи мусофирбар ба Тоҷикистон кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо буда, мошинҳои маъмултарини тоҷикон Опел, Ҳундай, Тойота ва Мерседес мебошанд.
Дар мавриди мошинҳои боркаш бошад, онҳо ба кишвар асосан аз Чин оварда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз соли 2020 Оҷонсии омори Тоҷикистон аз коҳиши чашмраси воридоти мошинҳо 73% ё 10,5 ҳазор хабар дода буд, ки ин рақам беш аз 3,8 миллион долларро ташкил додааст.