"Қавиҳайкалу чашмтанг": дар маркази Бағлон пойгоҳи террористони хориҷӣ пайдо шуд

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARТалибы, Афганистан
Талибы, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Ҳузури онҳо ваъдаҳои толибҳо дар мавриди адами ҳамкорияшон бо созмонҳои террористиро на фақат зери суол мебарад, балки далели ҳамкории миёни онҳост
ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Ҳудуди 220 ҷангии як созмони террористӣ бо хонаводаҳояшон дар маркази вилояти Бағлони Афғонистон мустақар шудаанд.
Бино ба аксу видеое, ки дар дастрасии Sputnik Тоҷикистон қарор доранд ва ба хотири амнияти манбаъ нашр намешаванд, хонаводаҳои террористон дар минтақаи маскунии Силуи шаҳри Пули Хумрӣ, маркази Бағлон, дар блокҳои истиқоматии марбути Раёсати нафти ин вилоят ҳудуди ду моҳ ба ин сӯ зиндагӣ мекунанд.
"Ин баландманзилҳо дар миёни мардум ба номи "Инҳисорот” маъруф буда, дар чаҳор бинои чаҳорманзилаи он хонаводаҳои террористон ҷо ба ҷо шудаанд. Ин биноҳо дар замони ҳукуматҳои Карзай – Ғанӣ сохта шуда, бояд ба мардум дода мешуданд, ки ин иттифоқ науфтод. Дар ҷараёни буҳрони куруно, яке аз ин биноҳо ба унвони бемористони вежа таъйин шуд. Ин ҷо қаламрави давлатӣ аст. Дар ҳудуди 2.5-километрии Сари Чавк - маркази Пули Хумрӣ қарор дорад ва яке аз манотиқи марказии шаҳр ба шумор меравад”, - гуфт манбаъ.
Устод Ато Муҳаммади Нур, Маршал Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Гуфтугӯи роҳбарони сиёсӣ барои эҷоди эътилофи зидди толибон
Зоҳиран онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ё ӯйғурҳои Чин ҳастанд, ки қаблан дар хонаҳои маъруф ба Силу зиндагӣ мекарданд, ҷое, ки девору амният надошт ва ба ҳамин далел ба “Инҳисорот” мунтақил шудаанд.
“Ин макон қалъаеро мемонад, ки аз чаҳор тараф баста ва дорои деворҳои баланди симхордору системаи амниятӣ аст. Як дарвоза ҳам дорад. Фақат хонаводаҳои ҷангҷӯён дар дохил зиндагӣ мекунанд ва ҳеҷ кас намефаҳмад, он ҷо чӣ иттифоқе меафтад. Ҳеҷ кас наметавонд ворид шавад, магар касоне, ки дорои иртибототи хос ҳастанд ва асосан афроди толибонанд”, - гуфт манбаъ.
Вай ин афродро аксар қавиҳайкалу қадбаланд, бо рӯйи гирду риши баланд тасвир мекунад, ки мӯйлабҳои тарошида, гунаҳои сурх ва чашмони танг доранд ва зоҳиран шабеҳи ӯзбекҳо, қирғизҳо ва қазоқҳои Осиёи Марказӣ ё ӯйғурҳои Чин ҳастанд.
“Онҳо дар маҳалли зисташон бидуни силоҳ сайр мекунанд. Танҳо як фармондеҳашон рӯзҳои ҷумъа, қабл аз намоз пайдо мешавад, ки як туфанги баста дар камар ва чанд нигаҳбон бо худ дорад. Масҷид дар ҳавлии биноҳо ҷойгир аст. Онҳо боре ба ҳамсояҳояшон дар ин тарафи девор ҳушдор додаанд, ки мусиқӣ нагузоранд, вагарна муҷозот мешаванд. Онҳо монанди хориҷиҳо ба форсӣ суҳбат мекунанд. Мушаххас нест, онҳо мутааллиқ ба чӣ созмоне ҳастанд: "Ал-қоида"* ё ДОИШ*”, - гуфт манбаъ.
Армия талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Наздик ба Тоҷикистон. Толибон ба кадом вилоят нерӯ фиристоданд?
Ҳузури алании ҷангиёни хориҷӣ дар Афғонистон иддаоҳои толибҳо дар бораи адами ҳамкории онҳо бо созмонҳои террористии хориҷӣ ва байналмилалӣ, назири "Ал-қоъда"* ё ДОИШ*-ро зери суол қарор медиҳад.
Бино ба гузоришҳо, толибҳо дар ин миён ба тамоми ҷангиёни хориҷӣ шиносномаҳои афғонӣ дода, ҳамаро ба шаҳрвандии Афғонистон қабул кардаанд.
Қаблан мақомоти Русияву Тоҷикистон аз ҳузури 6 ҳазор террористи хориҷӣ дар шимоли Афғонистон хабар дода буданд. Нигарониҳои кишварҳои шимол аз ин аст, ки ҳузури онҳо дар марзҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркулманофеъ таҳдиди билқувва ба амнияти минтақа аст.
Толибон борҳо ваъда супурдаанд, ки ҳеҷ хатаре аз қаламрави онҳо мутаваҷҷеҳи кишварҳои шимоли Амударё нахоҳад шуд.
Бағлон аз вилоятҳои марказии Афғонистон ба шумор рафта, дар ҷануби вилояти Кундузи бо Тоҷикистон ҳаммарз ҷойгир аст. Ҷангиёни хориҷӣ дар манотиқи дурдасти ин вилоят ҳанӯз аз замони ҳукуматҳои Карзай – Ғанӣ мустақар буданд ва касе, аз ҷумла нерӯҳои амрикоии мустақар дар вилоят ба онҳо кор намегирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0