https://sputnik.tj/20220215/tolibon-viloyat-neru-mefiristand-1045887919.html
Наздик ба Тоҷикистон. Толибон ба кадом вилоят нерӯ фиристоданд?
Наздик ба Тоҷикистон. Толибон ба кадом вилоят нерӯ фиристоданд?
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯи нави ҷанговарон аллакай ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ намуданд. Ин нерӯ бо фармони мақомот ташкил карда шудааст
2022-02-15T16:40+0500
2022-02-15T16:40+0500
2022-02-15T20:31+0500
афғонистон
толибон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045864578_0:88:2958:1751_1920x0_80_0_0_c3cbe955d657defd33c1f5ce3e9dd139.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Толибон аз таъсиси як лашкари нав дар вилояти Бадахшон, ҳаммарз бо Тоҷикистон хабар доданд. Ин хабарро дафтари матбуотии Вазорати дифоъ, ки аз ҷониби ҷангҷӯён таъсис дода шудааст, тасдиқ намудааст.Ба гуфтаи толибон, ин воҳид "аз рӯи зарурат бо пешниҳоди раҳбарияти Вазорати дифои миллӣ" ва бар асоси дастури мақомоти феълии кишвар таъсис шудааст.Сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат аллакай фармондеҳ ва муовинони ӯро ба ҷангиёни Файзобод муаррифӣ кардааст.Қаблан Вазорати мудофиаи Афғонистон дар бораи таъсиси нерӯ эълон карда буд, ки шумораи он 150 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Илова бар ин нақшаи эъзоми гурӯҳи бузурги ҷангҷӯёни толибон ба самти марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон эълом шуд. Гуфта мешавад, ин нерӯ тақрибан аз 10 000 сарбоз иборат хоҳад буд. Онҳо бо таҷҳизоте, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО боқӣ мондаанд, аз ҷумла ҳавопаймоҳо муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20220212/afghoniston-qudrat-tolibon-1045788396.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045864578_51:0:2679:1971_1920x0_80_0_0_ae1e4959c5d49cbc89b4369286fa11fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон афғонистон нерӯ
Наздик ба Тоҷикистон. Толибон ба кадом вилоят нерӯ фиристоданд?
16:40 15.02.2022 (Навсозишуда: 20:31 15.02.2022) Нерӯи нави ҷанговарон аллакай ба иҷрои вазифаи худ шуруъ намуданд. Ин нерӯ бо фармони мақомот ташкил карда шудааст
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Толибон аз таъсиси як лашкари нав дар вилояти Бадахшон, ҳаммарз бо Тоҷикистон хабар доданд. Ин хабарро дафтари матбуотии Вазорати дифоъ, ки аз ҷониби ҷангҷӯён таъсис дода шудааст, тасдиқ намудааст.
"Дар вилояти Бадахшон як лашкри нави низомии "Умри салас" (умри савум) ташкил шуда, ба иҷрои вазифааш шуруъ кард", - гуфтанд дар вазорат.
Ба гуфтаи толибон, ин воҳид "аз рӯи зарурат бо пешниҳоди раҳбарияти Вазорати дифои миллӣ" ва бар асоси дастури мақомоти феълии кишвар таъсис шудааст.
Сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат аллакай фармондеҳ ва муовинони ӯро ба ҷангиёни Файзобод муаррифӣ кардааст.
Қаблан Вазорати мудофиаи Афғонистон дар бораи таъсиси нерӯ эълон карда буд, ки шумораи он 150 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Илова бар ин нақшаи эъзоми гурӯҳи бузурги ҷангҷӯёни толибон ба самти марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон эълом шуд.
Гуфта мешавад, ин нерӯ тақрибан аз 10 000 сарбоз иборат хоҳад буд. Онҳо бо таҷҳизоте, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО боқӣ мондаанд, аз ҷумла ҳавопаймоҳо муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.