Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар Беларус музокироти навбатии Русия ва Украина оғоз шуд

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Обуна шудан
Дар Беларус ҳайатҳои Русия ва Украина даври дуюми музокиротро оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар вилояти Брести Беларус даври дувуми музокироти Русия ва Украина оғоз шуд, гуфт сухангӯи Вазорати хориҷаи Беларус Анатолий Глаз ба РИА "Новости".
Тавре ёвари президент Владимир Мединский қаблан қайд карда буд, барои ин мулоқот Маскав як пешниҳодҳоеро дар се қисм ироа кард, ки ба ҷанбаҳои ҳарбӣ-техникӣ, гуманитарӣ-байналмилалӣ ва сиёсӣ бахшида шудаанд.
Ба гуфтаи намояндаи расмии ВУХ Мария Захарова, департамент интизор дорад, ки ин мулоқот "ба зудтар анҷом ёфтани ин вазъ, барқарории сулҳ дар Донбасс, бозгашти тамоми мардуми Украина ба сулҳу субот" мусоидат менамояд.
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров ба хонаводаи қурбониён дар Украина ҳамдардӣ баён кард
Михаил Подоляк, мушовири раиси дафтари раисҷумҳури Украина гуфт, дар рӯзномаи имрӯза, оташбас, созиш ва ифтитоҳи долонҳои башардӯстона мавриди баррасии ҷонибҳо қарор мегирад.
Тавре Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина таъкид кард, Киев дар масъалаи тамомияти арзии кишвараш гузашт намекунад.
Даври якуми гуфтушунид дар вилояти Гомел барпо гардид. Дар ин нишаст аз Маскав ёвари раисҷумҳур Владимир Мединский, муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, муовини вазири дифоъ Александр Фомин, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури байналмилалӣ Леонид Слутский ва сафири Русия дар Беларус Борис Гризлов намояндагӣ карданд.
Украинаро вазири дифоъ Алексей Резников, раиси фраксияи "Хизматгори халқ" Давид Арахамия, муовинони вазирони корҳои хориҷӣ Микола Точитский, Михайло Подоляк, вакили Верховная Рада, Рустем Умеров ва муовини аввали роҳбари ҳайати Украина Андрей Костин намондагӣ карданд.
Пас аз гуфтушуниди даври аввал ҷонибҳо барои машварат ба пойтахтҳои худ баргаштанд.
Лентаи хабарҳо
0