https://sputnik.tj/20220303/lavrov-khonavoda-qurboniyon-ukraina-hamdard-1046485837.html
Лавров ба хонаводаи қурбониён дар Украина ҳамдардӣ баён кард
Лавров ба хонаводаи қурбониён дар Украина ҳамдардӣ баён кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ки низомиёни Русия ҳама корро мекунанд, то аз талафоти ғайринизомӣ ҷилавгирӣ кунанд
2022-03-03T19:05+0500
2022-03-03T19:05+0500
2022-03-03T20:10+0500
дар русия
украина
сиёсат
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046491798_0:0:1836:1034_1920x0_80_0_0_2ff2d466ff040eb1d3cbd29e0809ed00.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба хонавода ва наздикони кушташудагон дар Украина изҳори ҳамдардӣ кард.Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо расонаҳои русӣ ва хориҷӣ изҳори назар кардааст. Дар ҳамин ҳол вай таъкид кард, низомиёни Русия, ки дар амалиёти вижа ширкат мекунанд, дастури қатъӣ доранд, то барои саркӯб кардани зербиноҳои низомӣ танҳо аз аслиҳаи дақиқ истифода кунанд."Ҳатто казармаҳое, ки дар он низомиёни украинӣ мустақар ҳастанд, мавриди ҳамла ва зарба қарор нагирифтаанд. Ман танҳо метавонам ба ҳамаи хешовандон, дӯстони [қурбониён] тасаллият бигӯям", - гуфт Лавров. Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад. Дар ҳамин ҳол эҳтимол рӯзи 3 март музокироти навбатии Русия ва Украина баргузор шавад. Қарор аст, ҳайатҳои ду кишвар дар вилояти Брест мулоқот кунанд.
https://sputnik.tj/20220303/rusiya-hindi-ukraina-qabul-1046480277.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/03/1046491798_116:0:1836:1290_1920x0_80_0_0_dc3152182f369eb7af3d0658013bf795.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров украина ҳамдардӣ
Лавров ба хонаводаи қурбониён дар Украина ҳамдардӣ баён кард
19:05 03.03.2022 (Навсозишуда: 20:10 03.03.2022) Вазири умури хориҷии Русия таъкид кард, ки низомиёни Русия ҳама талошро мекунанд, то аз талафоти ғайринизомӣ ҷилавгирӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба хонавода ва наздикони кушташудагон дар Украина изҳори ҳамдардӣ кард.
Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо расонаҳои русӣ ва хориҷӣ изҳори назар кардааст.
"Ҳар ҷони инсон бебаҳост, ҳама гуна амалиёти ҷангӣ, мутаассифона, бо талафот алоқаманд аст. Ва на танҳо дар миёни низомиён, балки дар байни шаҳрвандон низ", - гуфт вазири умури хориҷии Русия.
Дар ҳамин ҳол вай таъкид кард, низомиёни Русия, ки дар амалиёти вижа ширкат мекунанд, дастури қатъӣ доранд, то барои саркӯб кардани зербиноҳои низомӣ танҳо аз аслиҳаи дақиқ истифода кунанд.
"Ҳатто казармаҳое, ки дар он низомиёни украинӣ мустақар ҳастанд, мавриди ҳамла ва зарба қарор нагирифтаанд. Ман танҳо метавонам ба ҳамаи хешовандон, дӯстони [қурбониён] тасаллият бигӯям", - гуфт Лавров.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Дар ҳамин ҳол эҳтимол рӯзи 3 март музокироти навбатии Русия ва Украина баргузор шавад. Қарор аст, ҳайатҳои ду кишвар дар вилояти Брест мулоқот кунанд.