Аз Душанбе то Хоруғ: эълони беҳтарин шаҳрҳои варзишии Тоҷикистон

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкУтренняя зарядка в детском лагере. Архивное фото
Утренняя зарядка в детском лагере. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Чор шаҳр ва як ноҳияи Тоҷикистон ба унвони беҳтарин маконҳои варзишӣ дар кишвар шинохта шуданд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Гулистон, Хоруғ ва ноҳияи Тоҷикобод беҳтарин шаҳрҳои варзишӣ дар соли 2021 эълон шуданд.
Озмуни мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор шуда, маросими ҷоизасупорӣ дар Кохи "Сурӯш"-и шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Ҳамин тавр аз рӯи бахшҳо "Беҳтарин шаҳр (ноҳия)-и варзишӣ дар соли 2021", шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Гулистон, Хоруғ ва ноҳияи Тоҷикобод беҳтарин дониста шуданд.
Мақсад аз баргузории чунин озмун оммавӣ гардонидани тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои ширкат дар мусобиқаҳо гуфта мешавад.
Дзюдо, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Рустами Эмомалӣ барои куштии "Наврӯз-2022" ду миллион сомонӣ ҷудо кард
Ҳамин тавр феълан дар Душанбе бунёди як қатор иншооти муосири варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳи бузурге бо 30 ҳазор ҷойи нишаст ва 135 майдончаи варзишӣ дар назди биноҳои баландошёна идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 28 феврали соли 2022 нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалисозии Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026 тасдиқ гардид.
Барномаи мазкур баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъсиси шароити варзишӣ таҳия гардида, идомаи мантиқии Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 мебошад.
Феълан дар Тоҷикистон 10 218 инфрасохторҳои варзишӣ мавҷуд аст.
Лентаи хабарҳо
0