Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров: Намешавад Русияро дар инзиво қарор дод, он дӯстони зиёд дорад

© МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Сергей Лавров гуфт, бо вуҷуди ҳама таҳримҳои нави Ғарб Русияро аз ҷаҳон ҷудо кардан мумкин нест, он дӯстони зиёд дорад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар пасманзари таҳримҳои Ғарб, ки на танҳо ба иқтисод, балки ба дигар соҳаҳо низ таъсир расонд, гуфт, давлатро дар инзиво гузоштан ғайриимкон аст.
Вай дар ин бора зимни мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Al Jazeera" сухан гуфт.

"Русия дӯстони зиёд дорад ва наметавонад дар инзиво бошад", - гуфт вазири умури хориҷии Русия гуфт.

Кишварҳои ғарбӣ пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина як силсилаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро эълон карданд. Амалҳои Русия аз ҷониби тамоми кишварҳои Аврупо, ИМА, Канада, Австралия, Ҷопон, Курёи Ҷанубӣ ва Сингапур маҳкум шуданд. Ҳамаи ин кишварҳо Русияро таҳрим карданд.
Аммо бо вуҷуди таҳримҳо аксари кишварҳои ҷаҳон аз ин амалиёти низомӣ пуштибонӣ карданд. Беларус аз ҷумлаи онҳост. Дар ҳудуди ин кишвар гуфтушуниди байни Русия ва Украина ташкил карда шудааст.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ ҳастаӣ хоҳад буд
Илова бар ин Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфтааст, ки амалкарди Маскавро эҳтиром мекунад.
Сурия ва Осетияи Ҷанубӣ низ аз Русия пуштибонӣ ва эълон карданд, ки онҳо низ ба эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ пас аз Русия ва Абхазистон омодагӣ мебинанд.
Ҷумҳурии Африқои Марказӣ бо Русия мувофиқ аст, ки эътирофи ҶХД ва ҶХЛ аз хушунат пешгирӣ мекунад.
Жаир Болсонаро, раисҷумҳури Бразилия гуфтааст, ки ин давлат ба қатъномае дар Шӯрои амнияти СММ, ки амалиёти низомӣ дар Украинаро маҳкум мекунад, овоз нахоҳад дод. Ҳиндустон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ чунин тасмим гирифтаанд. Раисҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро аз тасмим дар бораи амалиёти вижа комилан пуштибонӣ кард ва ҷонибдори ҳалли дипломатии қазия шуд.
Президент РФ В. Путин встретился с главой МИД РФ С. Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Русия иҷозат намедиҳад, ки Украина ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад
Қазоқистон низ хостори ҳалли мусолиматомези низоъ шудааст. Ва Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар як суҳбати телефонӣ бо Путин низ аз иқдомоти Русия барои ҳифзи Донбасс пуштибонӣ кард.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Тарсу ҳарос аз тиру туфанг: вазъи даҳшатовар дар ҶХД - ба ривояти тасвир
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0