https://sputnik.tj/20220302/shash-tarma-vmkb-1046420250.html
Фаромадани шаш тарма дар як рӯз дар ВМКБ: КҲФ маконҳои хатарнокро гуфт
Фаромадани шаш тарма дар як рӯз дар ВМКБ: КҲФ маконҳои хатарнокро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз боқӣ мондани хатари тармафароӣ ва сангрезӣ дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
2022-03-02T12:15+0500
2022-03-02T12:15+0500
2022-03-02T13:55+0500
хатарнок
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
тарма
сангрезӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/83/1030698325_0:104:1000:667_1920x0_80_0_0_5da6b10293897b8221a8aef1f50adec3.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар роҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо дар як рӯз шаш бор тарма фаромадааст, аммо феълан роҳ боз аст.Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бегоҳии 1 март дар километрҳои 42, 43 ва 48-уми шоҳроҳи Хоруғ - Ишкошким, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим мегузарад, се бор фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дар километри 7, 8 ва 24-уми шоҳроҳи Хоруғ – Ишкошим, ки аз ҳудуди деҳаи Пиши ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳи ноҳияи Шуғнони ВМКБ убур мекунад, се бор тарма фаромадааст. Гуфта мешавад, ки барои тоза кардани роҳҳо кормандони Вазорати нақлиёт бо техникаи махсус ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Дар ин росто Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳушдор медиҳад, ки дар ноҳияҳои кӯҳии Хатлон, вилоятҳои Суғд, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва як бархе аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма, селу сангрезахо боқӣ мондааст. Манбаъ афзуда, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳои кӯҳӣ ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳои кишвар пайваста аз ҷониби гурӯҳҳои наҷотбахши вокуниши сареи кумита гурӯҳи посбонӣ ташкил шудааст. Дар робита ба ин кумита аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар, рафтан ба маҳалҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
https://sputnik.tj/20220207/tarma-dahho-afganistan-kusht-hushdor-1045569850.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/83/1030698325_111:0:1000:667_1920x0_80_0_0_25385d7e05114188cb6678e25a92c769.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳҳои хатарнок, тоҷикистон, тармафароӣ, сангрезӣ
роҳҳои хатарнок, тоҷикистон, тармафароӣ, сангрезӣ
Фаромадани шаш тарма дар як рӯз дар ВМКБ: КҲФ маконҳои хатарнокро гуфт
12:15 02.03.2022 (Навсозишуда: 13:55 02.03.2022) Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз боқӣ мондани хатари тармафароӣ ва сангрезӣ дар манотиқи кӯҳии кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар роҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо дар як рӯз шаш бор тарма фаромадааст, аммо феълан роҳ боз аст.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бегоҳии 1 март дар километрҳои 42, 43 ва 48-уми шоҳроҳи Хоруғ - Ишкошким, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим мегузарад, се бор фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар километри 7, 8 ва 24-уми шоҳроҳи Хоруғ – Ишкошим, ки аз ҳудуди деҳаи Пиши ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳи ноҳияи Шуғнони ВМКБ убур мекунад, се бор тарма фаромадааст.
Гуфта мешавад, ки барои тоза кардани роҳҳо кормандони Вазорати нақлиёт бо техникаи махсус ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ корҳои зиёдеро анҷом додаанд.
"Айни замон корҳои тозакунии роҳҳо ба анҷом расида, ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст", - омадааст дар хабар.
Дар ин росто Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳушдор медиҳад, ки дар ноҳияҳои кӯҳии Хатлон, вилоятҳои Суғд, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва як бархе аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма, селу сангрезахо боқӣ мондааст.
Манбаъ афзуда, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳои кӯҳӣ ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳои кишвар пайваста аз ҷониби гурӯҳҳои наҷотбахши вокуниши сареи кумита гурӯҳи посбонӣ ташкил шудааст.
Дар робита ба ин кумита аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар, рафтан ба маҳалҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.