https://sputnik.tj/20220207/tarma-dahho-afganistan-kusht-hushdor-1045569850.html
Тарма даҳҳо нафарро дар Афғонистон кушт: мақомоти тоҷик низ ба шаҳрвандон ҳушдор доданд
Тарма даҳҳо нафарро дар Афғонистон кушт: мақомоти тоҷик низ ба шаҳрвандон ҳушдор доданд
Sputnik Тоҷикистон
Фаромадани тарма дар яке аз деҳаҳои музофоти Кунар боиси марги 20 нафар нафар шудааст
2022-02-07T16:05+0500
2022-02-07T16:05+0500
2022-02-07T19:40+0500
афғонистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
тарма
куҳҳо
хатар
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101455/75/1014557597_0:329:2047:1480_1920x0_80_0_0_d248b3bd13c6ba30bcb63ded77f70c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ҳудуди 20 нафар дар Кунари Афғонистон зери қабати ғафси тарма ҷон доданд, хабар додааст шабакаи телевизионии "Tolo News" бо такя ба мақомоти маҳаллӣ. Ба иттилои манбаъ, то ҳол 15 ҷасад аз зери тарма берун оварда шуда, ҷустуҷӯи боқимондаҳо идома дорад. Офати табиӣ дар минтақаи Дангам рух дода, феълан корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома доранд. Ин фоҷеа дар ҳолест, ки мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ ба шаҳрвандонаш аз хатари тарма дар рӯзҳои наздик ҳушдор додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 10 тарма фаромадааст.Ин ниҳод афзуд, ки фаромадани тарма талафоти ҷонию хисороти моддӣ дар пай надоштааст. КҲФ ҳушдор додаст, ки хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ зиёд мебошад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сокинон даъват намуд, ки аз сафари безарурат ба манотиқи тармафароӣ худдорӣ карда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.
https://sputnik.tj/20220201/chand-foiz-peshgui-havoshinoson-tojik-durust-1045388399.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101455/75/1014557597_0:137:2047:1672_1920x0_80_0_0_10b38ad4750205b9430395c8be1a07d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тарма, даҳҳо, нафар, кушт, афғонистон
тарма, даҳҳо, нафар, кушт, афғонистон
Тарма даҳҳо нафарро дар Афғонистон кушт: мақомоти тоҷик низ ба шаҳрвандон ҳушдор доданд
16:05 07.02.2022 (Навсозишуда: 19:40 07.02.2022) Фаромадани тарма дар яке аз навоҳии вилояти Кунари Афғонистон боиси марги 20 нафар нафар шудааст
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ҳудуди 20 нафар дар Кунари Афғонистон зери қабати ғафси тарма ҷон доданд, хабар додааст шабакаи телевизионии "Tolo News" бо такя ба мақомоти маҳаллӣ.
Ба иттилои манбаъ, то ҳол 15 ҷасад аз зери тарма берун оварда шуда, ҷустуҷӯи боқимондаҳо идома дорад.
Офати табиӣ дар минтақаи Дангам рух дода, феълан корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома доранд.
Ин фоҷеа дар ҳолест, ки мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ ба шаҳрвандонаш аз хатари тарма дар рӯзҳои наздик ҳушдор додааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 10 тарма фаромадааст.
Ин ниҳод афзуд, ки фаромадани тарма талафоти ҷонию хисороти моддӣ дар пай надоштааст. КҲФ ҳушдор додаст, ки хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ зиёд мебошад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сокинон даъват намуд, ки аз сафари безарурат ба манотиқи тармафароӣ худдорӣ карда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.