Рӯзона офтобу шабона барфу борон: Пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik Цветение миндаля, Душанбе
Цветение миндаля, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Шабона дар ВМКБ, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бориши сусти борону барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ожонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва шабона боридани борону барфи суст дар аксари минтақаҳо пешгӯӣ мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 19-24, дар баъзе минтақаҳо то 27-32 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар мавзеи Булункӯл то 36-38 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғи тунук мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Цветение миндаля, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Баҳор меояд: дар Боғи ғалабаи Душанбе бодому олу шукуфт - акс
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, тормеғи тунук мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 16-21 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан бориши сусти барф ба амал омада, тормеғи тунук мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0