Навдаҳои дарахтони бодом бо каме гарм шудани ҳаво мешукуфанд ва табиати Тоҷикистонро боз ҳам зебову гуворотар мекунанд

Дақиқан пас аз баромадани гули бойчечак, ки муждаи омадани баҳорро бозгӯ мекунад, дарахтони бодом низ гул мешукуфанд

Маъмулан гул кардани дарахтони бодом мобайнҳои моҳи феврал иттифоқ меафтад

Ин замон ҳатто парандаҳое, ки дар фасли сармо ба ҷойҳои гармтар кӯч карданд, ҳоли барнамегарданд

Аз ин рӯ, бодом дарахтест, ки аввали баҳор пеш аз дигар дарахтон гул мекунад ва мағзи донаки он ё бомазза мешавад ё талх

Пас аз гул кардани дарахти бодом, навдаҳои зардолу ва олу низ гул мекунанд

Аҷиб ин ки, дарахти бодом нахуст гул мекунад ва сипас баргҳо дар он пайдо мешаванд

Чун ин дарахт ниҳоят барвақт гул мебарорад, аз ин рӯ аввалҳои моҳи март гулҳои он пажмурда мешаванд