Нархи рекордии газ дар Аврупо

© Sputnik / ANDREW ABRAMOVКухонная газовая плита
Кухонная газовая плита - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Рекорди нави нархи газ дар бозорҳои Аврупо мушоҳида мешавад. Нархи газ дар Аврупо ба 2199 доллар расид
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои биржаи ICE "Futures" дар Лондон, қимати ҳазор метри мукааб газ дар Аврупо ба 2200 доллар расид ва бори дигар ба нуқтаи ҳаддиаксарии худ расидааст.
Агар қаблан дар бозорҳо қимати газ 1500 долларро ташкил медод, ҳоло болоравии босуръати нархи газ мушоҳида мешавад ва то соати 11:58 ба вақти Маскав ба 2226 доллар расидааст.
Ин нисбат ба нархи рӯзи гузашта (1396,5 доллар) 59,4 дарсад бештар аст.
Рекорди охирини нарх 21 декабри соли гузашта мушоҳида шуда буд, он замон ҳазор метри мукааб газ 2100 доллар фурухта мешуд.
Бозори гази Аврупо моҳҳои зиёдест, ки дар ҳолати номуайянӣ қарор дорад. Дар баҳори соли гузашта нархи газ дар сатҳи 250-300 доллар қарор гирифта буд, аммо дар охири моҳи август нарх ба 600 доллар расид ва дар моҳи октябр барои бори аввал нархи газ марзи аз як ҳазор долларро убур кард. Вале дар моҳи декабр ин нарх аз ин ҳам боло рафт.
Военнослужащий народной милиции ДНР осматривает брошенные украинской армией противотанковые комплексы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Украина деҳаҳои Токмок ва Василевкаро бе ҷанг тарк карданд
Коршиносон инро ба сатҳи пасти захоир дар анборҳои зеризаминии Аврупо, маҳдуд будани таъминот аз ҷониби таъминкунандагони асосӣ ва талаботи зиёд ба гази моеъ дар Осиё рабт доданд.
Дар авоили моҳи феврал нарх дар ҳудуди 800-1030 доллар қарор гирифта буд, вале баъд аз он ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар рӯзи 21 феврал фармонҳо дар бораи эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганскро имзо кард ва 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард, нархи газ якбора боло рафт.
Лентаи хабарҳо
0