Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нерӯҳои Украина деҳаҳои Токмок ва Василевкаро бе ҷанг тарк карданд

© Sputnik / Ivan Rodionov / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий народной милиции ДНР осматривает брошенные украинской армией противотанковые комплексы
Военнослужащий народной милиции ДНР осматривает брошенные украинской армией противотанковые комплексы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиши Украина Токмок ва Василевкаро бидуни ҷанг таслим кардааст
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Воҳидҳои артиши Украина ихтиёран шаҳракҳои Тоқмоқ ва Василевкаро тарк карданд, гуфт намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков.

"Воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Русия дар шаҳракҳои Токмок ва Василевка, ки дар он ҷо низомиёни украинӣ аз муқовимат саркашӣ карда, ихтиёран силоҳҳои худро ба замин гузоштанд, назорат барқарор карданд", - гуфт Конашенков.

Вай афзуд, ки пас аз пур кардани шаҳодатномаҳои вижа дар бораи канор гузоштани силоҳ низомиёни украинӣ метавонанд ба назди хонаводаҳои худ баргарданд.

Амалиёти вижаи Русия дар Украина

Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Тарсу ҳарос аз тиру туфанг: вазъи даҳшатовар дар ҶХД - ба ривояти тасвир
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0