https://sputnik.tj/20220302/kiev-barqasd-muzokirot-takhir-1046422084.html
Думаи давлатӣ гуфт, Киев барқасд музокирот бо Маскавро ба таъхир меандозад
Думаи давлатӣ гуфт, Киев барқасд музокирот бо Маскавро ба таъхир меандозад
Sputnik Тоҷикистон
Вакили Думаи давлатӣ гуфт, Киев наметавонад мустақилона тасмим бигирад, аз ин рӯ дидаву дониста музокирот бо Маскавро ба таъхир меандозад
2022-03-02T13:10+0500
2022-03-02T13:10+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
музокирот
таърих
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101991/76/1019917620_0:143:3133:1905_1920x0_80_0_0_4c0104ab8446239b7d076c6111dea0af.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Мақомоти Киев дидаву дониста музокирот бо Русияро ба таъхир меандозанд. Ин андешаро вакили Думаи давлатӣ Михаил Шеремет баён дошт. Даври аввали музокироти ҳайатҳои Украина ва Русия рӯзи 28 феврал дар Белорус баргузор шуд. Бино ба навиштаи нашрияи "Зеркало Недели", даври дувуми музокироти Русия ва Украина шояд рӯзи 2 март баргузор шавад. "Музокироти ҷониби Украина дидаву дониста ба таъхир андохта мешавад ва дар ин бора чанд тавзеҳот вуҷуд дорад", - гуфт Шеремет дар сущбат бо РИА "Новости".Ӯ режими феълии Киевро иллати аввал номид, ки ба оташбас ва марги мардум ва ҳамчунин истиқрори сулҳ дар Украина манфиатдор нест. Сабаби дуюм ин аст, ки онҳо ягон қарори мустақилона қабул намекунанд, мегӯяд вакил. "Ҳама чиз дар Вашингтон ҳамоҳанг карда мешавад", - гуфт Шеремет.Ба андешаи ӯ, дар Украина тасмимҳо мустақил қабул намешавад, дар кишвар як режими лухтак ҳукмрон аст. "Гуфтушунид бояд бевосита бо Вашингтон сурат гирад", — бовар дорад ӯ. Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "демилитаризатсияи Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Тафсилоти эҳтимолии музокироти Маскав ва Киев дар расонаҳо пайдо шуд. Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербинои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад. Бо дастгирии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, ҶХд ва ҶХЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард президенти Русия. Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Белорус дидору гуфтугӯ карданд. Зеленский омодагии худро ба музокира бо Путин эълон кардМулоқот тақрибан 5 соат давом кард. Тавре ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд. Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Русия ва Украина дар марзи Лаҳистону Беларус баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220301/muzokirot-rusiya-ukraina-khushbin-1046381948.html
https://sputnik.tj/20220302/havopaymo-rusiya-inshoot-nizomi-ukraina-takhrib-1046420533.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101991/76/1019917620_200:0:2931:2048_1920x0_80_0_0_9db7f3789c80651e8aef38b01ab79f10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, музокирот, таъхир, русия
украина, музокирот, таъхир, русия
Думаи давлатӣ гуфт, Киев барқасд музокирот бо Маскавро ба таъхир меандозад
13:10 02.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Вакили Думаи давлатӣ гуфт, Киев наметавонад мустақилона тасмим бигирад, аз ин рӯ дидаву дониста музокирот бо Маскавро ба таъхир меандозад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Мақомоти Киев дидаву дониста музокирот бо Русияро ба таъхир меандозанд.
Ин андешаро вакили Думаи давлатӣ Михаил Шеремет баён дошт.
Даври аввали музокироти ҳайатҳои Украина ва Русия рӯзи 28 феврал дар Белорус баргузор шуд.
Бино ба навиштаи нашрияи "Зеркало Недели", даври дувуми музокироти Русия ва Украина шояд рӯзи 2 март баргузор шавад.
"Музокироти ҷониби Украина дидаву дониста ба таъхир андохта мешавад ва дар ин бора чанд тавзеҳот вуҷуд дорад", - гуфт Шеремет дар сущбат бо РИА "Новости".
Ӯ режими феълии Киевро иллати аввал номид, ки ба оташбас ва марги мардум ва ҳамчунин истиқрори сулҳ дар Украина манфиатдор нест.
Сабаби дуюм ин аст, ки онҳо ягон қарори мустақилона қабул намекунанд, мегӯяд вакил. "Ҳама чиз дар Вашингтон ҳамоҳанг карда мешавад", - гуфт Шеремет.
Ба андешаи ӯ, дар Украина тасмимҳо мустақил қабул намешавад, дар кишвар як режими лухтак ҳукмрон аст. "Гуфтушунид бояд бевосита бо Вашингтон сурат гирад", — бовар дорад ӯ.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "демилитаризатсияи Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Тафсилоти эҳтимолии музокироти Маскав ва Киев дар расонаҳо пайдо шуд. Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербинои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Бо дастгирии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, ҶХд ва ҶХЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард президенти Русия. Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Белорус дидору гуфтугӯ карданд.
Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард. Тавре ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Русия ва Украина дар марзи Лаҳистону Беларус баргузор мешавад.