https://sputnik.tj/20220301/muzokirot-rusiya-ukraina-khushbin-1046381948.html
Лукашенко: Натиҷаи музокироти Русия ва Украина хушбинӣ мебахшад
Лукашенко: Натиҷаи музокироти Русия ва Украина хушбинӣ мебахшад
Sputnik Тоҷикистон
Лукашенко бар ин назар аст, ки натоиҷи музокироти Русия ва Украина ба хушбинии эҳтиёткорона илҳом мебахшад
2022-03-01T14:21+0500
2022-03-01T14:21+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
донбасс
белорус
дар русия
музокирот
сиёсат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046352061_0:0:3449:1941_1920x0_80_0_0_bb488dd73fcbe3a8ee40e2d185c450a4.jpg
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко мегӯяд, натоиҷи музокироти Русия ва Украина дар Беларус хушбинии эҳтиёткоронаро ба вуҷуд меорад, хабар медиҳад Sputnik Беларус. Дар вилояти Гомел музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина баргузор шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки музокиротро пас аз чанд рӯзи дигар дар сарҳади Беларусу Лаҳистон идома диҳанд. "Агар шумо бигӯед, ки мо ин музокиротро чӣ гуна ташкил кардем, мегӯям, ки ин як триллери комил аст", - гуфт Лукашенко. Ба гуфтаи ӯ, "ин мулоқот, аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, хушбинии эҳтиёткоронаро ба вуҷуд меорад"."Ҳайатҳо олӣ буданд, офаринашон. Онҳо аз имкон бештар кор карданд. Онҳо дар марҳилаи аввал кори худро дар зарфи 5 соат олӣ анҷом доданд", - гуфт президенти Беларус. Ёдовар мешавем, Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз тарафи Путин қабул шуд. Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд.Раҳбарони ин манотиқ дар бораи интиқоли аҳолии осоишта хабар доданд.Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ муроҷиат карданд.Президенти Русия ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуда, баъд аз он ду фармонро дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо имзо кард.Дар ҶХЛ аз озод шудани 15 минтақаи дигар хабар додандВай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор намедиҳанд.
https://sputnik.tj/20220228/natija-muzokirot-rusiya-ukraina-1046333009.html
белорус
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046352061_354:0:3083:2047_1920x0_80_0_0_643b9e01317d9aef10ac3420f3bb51b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
натиҷа, музокирот, русия, украина
натиҷа, музокирот, русия, украина
Лукашенко: Натиҷаи музокироти Русия ва Украина хушбинӣ мебахшад
14:21 01.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Лукашенко бар ин назар аст, ки ба натоиҷи музокироти Русия ва Украина хушбин аст
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко мегӯяд, натоиҷи музокироти Русия ва Украина дар Беларус хушбинии эҳтиёткоронаро ба вуҷуд меорад, хабар медиҳад Sputnik Беларус.
Дар вилояти Гомел музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина баргузор шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки музокиротро пас аз чанд рӯзи дигар дар сарҳади Беларусу Лаҳистон идома диҳанд.
"Агар шумо бигӯед, ки мо ин музокиротро чӣ гуна ташкил кардем, мегӯям, ки ин як триллери комил аст", - гуфт Лукашенко.
Ба гуфтаи ӯ, "ин мулоқот, аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, хушбинии эҳтиёткоронаро ба вуҷуд меорад".
"Ҳайатҳо олӣ буданд, офаринашон. Онҳо аз имкон бештар кор карданд. Онҳо дар марҳилаи аввал кори худро дар зарфи 5 соат олӣ анҷом доданд", - гуфт президенти Беларус.
Ёдовар мешавем, Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз тарафи Путин қабул шуд. Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд.
Раҳбарони ин манотиқ дар бораи интиқоли аҳолии осоишта хабар доданд.
Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ муроҷиат карданд.
Президенти Русия ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуда, баъд аз он ду фармонро дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо имзо кард.
Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор намедиҳанд.