Интиқоли гурӯҳи аввали эрониён аз Украина ба Теҳрон

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкБашня Азади в Тегеране
Башня Азади в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Ҷамъе аз эрониёни муқими Украина бо як парвози ихтисосӣ ба Эрон бозгаштанд
ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Ҳудуди сад нафар аз донишҷӯён ва шаҳрвандони Эрони муқими Украина аз тариқи Лаҳистон ва бо парвози ихтисосии ширкати ҳавопаймоии Эрон вориди фурудгоҳи Теҳрон шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Аввалин гурӯҳи эрониёнро шахсан Муҳаммад Муҳаммадибахш, муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ, раиси Созмони ҳавопаймоии кишварӣ ва масъулони Фурудгоҳи Имом Хумайнӣ истиқбол гирифтанд.
Дар рӯзҳои ахир Вазорати умури хориҷии Эрон ва сафоратхонаҳои Эрон дар кишварҳои аврупоӣ талоши густардае барои бозгашти эрониёни муқими Украина ба ин кишвар карданд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Намешавад Русияро дар инзиво қарор дод, он дӯстони зиёд дорад
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш мақомоти Эрон аз омодагии худ барои баровардани шаҳрвандонашон аз Украина эълон карда буданд.
То ҳол Эрон шумори дақиқи шаҳрвандонашро, ки дар Украина кору зиндагӣ мекарданд, эълон накардааст.

Амалиёти вижаи Русия дар Украина

Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Житель села Гнутово идет мимо подбитого танка украинской армии под Мариуполем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Дар остонаи Ҷанги Савуми Ҷаҳонӣ: НАТО бо Русия эълони ҷанг мекунад?
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Лентаи хабарҳо
0