Рустами Эмомалӣ барои куштии "Наврӯз-2022" ду миллион сомонӣ ҷудо кард

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Душанбе барои таҷлили "Наврӯз-2022" ҳамаҷониба омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои баргузории сабқати байналмилалии куштӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти Ҷоми пойтахт қарор содир кард.
Ҳамин тавр бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2022 барои баргузории ин мусобиқаҳо 2 миллион сомонӣ бо дарназардошти андозҳо ҷудо гардид.
Сабқати байналмилалӣ аз 17 то 22 март дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ин 3-юмин сабқати байналмилалии куштӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти Ҷоми пойтахт мебошад.
Девушки на улице в Душанбе в национальных костюмах во время празднования Навруза 2021, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Маълум шуд, тоҷикистониён дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд
Тавре шуъбаи иттилоотии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад, мусобиқаи мазкур дар доираи баргузор намудани Қаҳрамонии кураши Осиё баргузор мешавад.
Мақсади асосии он ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ гуфта мешавад.
Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии куштии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мусобиқа беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро даъват ва ҷалб менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0