Бонки марказии Русия интиқоли пул ба 43 кишварро мамнуъ кард

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / A man with a blue shirt holds dollars in his handsДоллары в руках
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Обуна шудан
Ғайримаскунҳо аз кишварҳое, ки бар зидди Русия таҳримҳо ҷорӣ кардаанд, дигар имкон надоранд, аз Русия ба хориҷ пул интиқол диҳанд. Вале барои кишварҳое, ки дар нисбаташон маҳдудият ҷорӣ нашудааст, интиқолҳо дастрас хоҳанд буд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бонки марказии Русия интиқоли пул аз Русия ба хориҷи кишварро барои шаҳрвандони хориҷие, ки кишварҳояшон бар зидди Русия таҳрим эълон кардаанд, манъ кардааст. Қарори Бонки марказии Русия алакай ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол шудааст, иттилоъ додааст РБК.
Ин маҳдудият аз 1 март то 31 марти соли 2022 эътибор дорад. Ин маҳдудият ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахл дорад.
Дар рӯйхат 43 кишвар ҷой гирифтаанд. Миёни онҳо Британияи Кабир, Олмон, ИМА ва ғайра дида мешаванд.
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ин кишварҳо фиристодани пул аз суратҳисобҳои бонкӣ ба суратҳисобҳои бонкии дар хориҷ аз Русия, инчунин интиқоли маблағҳои фаромарзӣ бидуни кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, ки маъмулан тавассути системаҳои интиқол амалӣ мешуданд, манъ шудааст.
Руки пожилого мужчины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Бонкҳои Русия суди пасандозҳоро боз боло бардоштанд
Дар навбати худ ғайрирезидентҳо аз кишварҳои дигар наметавонанд бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ бо истифода аз системаҳои интиқоли пул дар як моҳ беш аз 5000 доллар ба хориҷа интиқол диҳанд.
Намояндаи Бонки марказӣ тавзеҳ додааст, ки чунин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз хуруҷи маблағ аз бозори молии Русия ва ҳифзи суботи молии ин кишвар гирифта шудааст.
“Ин маҳдудият ба шаҳрвандони Русия ва ҳамчунин аксари шаҳрвандони хориҷии кишварҳои ИДМ дахл надорад”, - гуфт ӯ.
Қаблан раисҷумҳур Владимир Путин фармонеро имзо карда буд, ки тибқи он, сокинон наметавонанд асъорро ба суратҳисобҳо ва пасандозҳои худ дар бонкҳо ва брокерҳои хориҷӣ интиқол диҳанд. Илова бар ин аз Русия баровардани беш аз 10 ҳазор доллар манъ аст.
Лентаи хабарҳо
0