Зеленский умед дорад, ки ҷанг дер давом намекунад

© AFP 2023 / SERGEI SUPINSKYПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Украина изҳори умедворӣ кардааст, ки ҷанг дер давом нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Владимир Зеленский дар робита ба амалиёти вижаи Русия дар Украина изҳори умедворӣ кард, ки ҷанг дер давом нахоҳад кард, иттилоъ додааст РИА "Новости” дар истинод ба хабаргузории "Рейтерз".
“Ман мехоҳам бовар кунам, ки ҷанг дер давом намекунад", - гуфт оқои Зеленский.
Инчунин оқои Зеленский аз НАТО хост, ки ба Украина кафолати амниятӣ диҳад.
Агар НАТО нахоҳад Украинаро ба ин паймон қабул кунад, Киев аз ин созмон кафолатҳои амниятӣ мехоҳад.

“Украина кафолатҳои қонунии ҳатмии амниятиро талаб хоҳад кард, агар НАТО дари худ ба рӯи Украинаро бубандад”, - илова кард Зеленский.

Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Брифинг И. Конашенкова после начала специальной военной операции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Вазорати дифоъ гуфт, роҳи низомиёни Украина ба баҳри Азовро баст
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0