Заминларза марзи Қирғизистону Тоҷикистонро такон дод

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Зилзила минтақаҳои ҳаммарзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро такон дод
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон мегӯяд, бар асари ин заминларза дар вилояти Бодканди ин кишвар хисороте ба қайд гирифта нашудааст.
Ба иттилои манбаъ, заминҷунбӣ субҳи 1 март бо тавоноии ҳудуди 4 балл дар қаламрави вилояти Бодканд рӯх додааст.
Маркази зилзилашиносии Қирғизистон хабар дод, ки ҷунбиши замин тақрибан соати 09:09 ба қайд гирифта шуд.
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Пешгирӣ аз омадани сел: Оғози корҳои соҳилбандӣ дар Исфара
Таъкид шудаст, ки шиддати заминҷунбӣ дар бархе маҳаллаҳои ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд то 4 балларо ташкил додаст.
Вилояти Бодканд, ки заминларза дар он ҷо ба қайд гирифта шудаст, бо ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, хисороте дар пайи он сабт нашудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз мушаххас нагардидааст.
Лентаи хабарҳо
0