Пешгирӣ аз омадани сел: Оғози корҳои соҳилбандӣ дар Исфара

© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Обуна шудан
Дар маҳаллаи Айнии Ҷамоати деҳоти Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд барои омодагӣ ба обхезӣ ва пешгирӣ аз сел корҳои соҳилбандӣ оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, тӯли ин селроҳа 1500 метр мебошад.
Ба иттилои манбаъ, барои анҷоми корҳои соҳилбандӣ техникаи махсуси муҳандисӣ ҷалб шуда, масоҳати 400 метр аз селроҳа аз сангрезаҳо тоза гардидааст.
Корҳо бо ташаббуси Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дастгирии Сарраёсати беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Исфара оғоз гардиданд.
Тибқи иттилои КҲФ, айни замон соҳилбандӣ идома дорад.
Председатель Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне Рустам Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Ҳалокати 42 шаҳрванд бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон
Ёдрас менамоем, чанде пеш Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, дар соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ 359 (213 соли 2020) ҳодиса ва ҳолати фавқулоддаи таббиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 52 ҳолати фавқулодда ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар ба маблағи 141 миллиону 984 ҳазору 500 сомонӣ зарари молӣ расонидааст.

“Соли 2020 зарари расида 59 миллиону 911 ҳазору 400 сомониро ташкил медод. Соли гузашта зарари расида 2,4 баробар зиёд шуд”, - гуфт генерал Назарзода.

Вай гуфт, тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда, дарсади ҷараёни рӯйдоди ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин мебошад: боришоти борони зиёд ва омадани сел 52%, фаромадани тарма 17%, заминларза 60%, сангрезӣ 5%, ярч 6%, баландшавии оби дарё 4 дарсад, шамоли сахт 4%, боришоти борони зиёд 2%, фуруравии замин 2%.
Ҳамзамон роҳбари КҲФ Тоҷикистон илова кард, ки бар асари офатҳои табиӣ дар соли гузашта 42 даҳрванд ба ҳалокат расидааст.
Бар асари офатҳои табиӣ дар маҷмуъ 1274 хона зарар дидаанд, ки аз ин 257 хона пурра, 1017 хона қисман, 346 хона зарари сабук дидаанд.
Лентаи хабарҳо
0