Вазорати молия пешбинии дарёфти ҳаҷми қарзу грантро эълон кард: ба куҷо сарф мешавад?

© PixabayБанкноты США, архивное фото
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Вазорати молияи Тоҷикистон ҳаҷми пешбинишудаи сармоягузориро бо назардошти қарзу маблағҳои грантӣ, ки барои рушди иқтисод масраф мешавад, эълон кард
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тоҷикистон нақша дорад, ки дар соли ҷорӣ ба иқтисод беш аз 702,5 миллион доллар ҷалб кунад. Дар ин бора хабаргузории "Авесто" бо такя ба маълумоти Вазорати молияи кишвар хабар медиҳад.
Ин ҳаҷми сармоягузориҳо ҳам маблағҳои қарзӣ ва ҳам грантҳои созмонҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳидаро дар бар мегиранд.
Ниҳоди молии ҷумҳурӣ мушаххас кардааст, ки аз ин 702,5 миллион доллар беш аз 286 миллион доллараш қарз хоҳад буд.
Госбюджет 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Дахлу харҷи Тоҷикистон дар соли 2022
Ҳаҷми маблағҳои грантӣ тақрибан 415 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Гуфта мешавад, маблағҳо асосан барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун ҷалб карда мешаванд.
Маблағҳо ба рушди инфрасохтори нақлиёту коммуникатсия, энергетика, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона хоҳанд шуд.
Он ба дастгирии буҷа ва бисёре дигар аз соҳаҳо таъсир мерасонад.
Дар мавриди ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон то аввали соли ҷорӣ гуфта мешавад, он ба 3,2 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0