Дахлу харҷи Тоҷикистон дар соли 2022

Обуна шудан
Буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 33,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Пул аз куҷо ба даст меояду дар куҷо сарф хоҳад шуд
Тоҷикистон дар соли равон ҳудуди 33 миллиарду 2,8 миллион сомонӣ даромад дорад. Аммо хароҷоти давлатӣ 33 миллиарду 626,7 миллион сомонӣ дар назар аст.
Касри буҷа ба андозаи 0,6 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 623,9 миллион сомонӣ муқаррар гардидааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, дар буҷаи соли равон низ бартарият ба бахшҳои иҷтимоӣ дода шуд. Дар назар аст, ба соҳаи маориф 6,3 млрд сомонӣ, тандурустӣ 2,9 млрд, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 4,3 млрд ва фарҳангу варзиш қариб 1,2 млрд сомонӣ ихтисос ёбад.
Нақшаи даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2022 аз ҳисоби қарзу грант беш аз 7 миллиарду 938 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин интизор меравад, ки аз ҳисоби андоз 20 миллиарду 463 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби манобеи ғайриандозӣ 1 миллиарду 463 миллион сомонӣ даромад ба даст ояд.
Дар Тоҷикистон барои соли равон ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо 64 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки ҷаримаю пардохтҳои иҷтимою андозӣ аз рӯи он ҳисоб карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0