Сабти изи ангушт барои муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкЦентр содействия мигрантам в Волгограде
Центр содействия мигрантам в Волгограде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Ҳоло сабти изи ангушт дар бахшҳои Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҷои иқомат ё маҳалли будубоши коргари муҳоҷир сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод кардааст, ки равиши сабти изи ангушт барои русҳо ва хориҷиён содатар шавад. Ин аз лоиҳаи қонуни федералӣ бармеояд.
Пешбинӣ шудааст, ки хадамоти давлатӣ барои сабти ихтиёрии изи ангушт дар ҳама шуъбаи корҳои дохилӣ, новобаста аз маҳалли сабти ном ё маҳалли зисти муҳоҷирон сурат гирад.
Тағйирот бояд ба қисми 4 банди 10-и Қонуни федералӣ "Дар бораи бақайдгирии давлатии изи ангушт дар Федератсияи Русия" таъсир расонад.
"Бақайдгирии изи ангуштони ихтиёрии шаҳрвандони Федератсияи Русия, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Федератсияи Русия новобаста аз ҷои истиқомати онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи федералӣ ройгон аз тарафи мақоме, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва танзими ҳуқуқӣ дар умури корҳои дохилӣ масъул аст, анҷом дода мешавад", - гуфта мешавад дар ин пешниҳод.
Центр госуслуг Мои документы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Гурӯҳе аз муҳоҷирон метавонанд бидуни сабти ном дар Русия кор кунанд: киҳо?
Инчунин лоиҳа тағйирот дар қисми 1, моддаи 15-и қонуни мазкурро пешбинӣ мекунад. Онҳо бояд муқаррар кардани тартиби нобудсозии маълумотҳои изи ангуштро ҳангоми расонидани хидматҳои давлатӣ ба ҳам мувофиқ созанд.
Маълум аст, ки ҳоло ин хидматрасонӣ аз ҷониби мақомоти минтақаии ВКД дар сатҳи ноҳия, дар ҷои иқомат ё будубош амалӣ карда мешавад.
Қонун бояд 180 рӯз пас аз интишори расмӣ эътибор пайдо кунад.
Лентаи хабарҳо
0