Намояндаи парлумони Украина: Эҳтимол Зеленский таслим шаваду аз кишвар фирор кунад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкСаммит Восточного партнерства
Саммит Восточного партнерства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Обуна шудан
Вакили парлумони Украина гуфт, ки Зеленский фирор мекунад ва вазъ бо таслимшавии шармандавори ӯ анҷом меёбад
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Иля Кива, вакили Верховная Рада (парлумон)-и Украина аз ҳизби опозитсиюни “Барои ҳаёт” бар ин бовар аст, ки Владимир Зеленский "кори касифи худро анҷом дода", бо пулҳои дуздидааш аз мардум барои истироҳат ва зиндагӣ ба Амрико ё Бритониё меравад.
"Зеленский ҷинояткорест, ки имрӯз дастур иҷро мекунад. Ӯ Украинаро хароб ва мардуми худро несту нобуд мекунад. Вай гурезад, ҷанг баъд аз як ҳафта агар анҷом наёбад, дар ҳафтаи дуюм тамом мешавад ва ин ҷанг шармадавор анҷом меёбад. Зеленский баъд аз анҷоми кори касифи худ бо пулҳои дуздида аз мардум барои истироҳат ва зиндагӣ ба Амрико ё Британияи Кабир меравад”, - гуфт Иля Кива дар видеое, ки дар шабакаи "Telegram"-и худ нашр кардааст.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "демилитаризатсияи Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия гурӯҳҳои ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Украинские военные - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар ҶХД аз тирборон шудани сокинони Волноваха аз ҷониби миллатгароёни украинӣ гуфтанд
Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуқтаҳое пайдо карданд.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Русия ва Украина дар марзи Лаҳистону Беларус баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0