https://sputnik.tj/20220301/jkhd-tirboron-volnovakha-ukraini-1046382759.html
Дар ҶХД аз тирборон шудани сокинони Волноваха аз ҷониби миллатгароёни украинӣ гуфтанд
Дар ҶХД аз тирборон шудани сокинони Волноваха аз ҷониби миллатгароёни украинӣ гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Хабари ҷиноятҳои даҳшатноки миллатгароёни украинӣ аз Волноваха расид
2022-03-01T15:15+0500
2022-03-01T15:15+0500
2022-03-01T18:07+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
донбасс
куштор
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045262002_0:441:2857:2048_1920x0_80_0_0_872c3c93446db21ca452399519bef96c.jpg
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Сокинони Волноваха, ки талош доштанд, манзилҳояшонро тарк кунанд, зери тирборони миллатгароёни украинӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора Ситоди дифои Ҷумҳурии Мардумии Донетск дар канали "Telegram"-и худ иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, ки оташ ба рӯи сокинон аз ҷониби парчамдорони ранги сафед кушода шудааст. Пештар намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков гуфта буд, ки мақомоти Украина шаҳрвандони осоиштаро ҳамчун "сипари зинда" истифода мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, режими Киев сокинони ин шаҳрро ҳамчун сипари зинда барои миллатгароён истифода мекунад ва воҳидҳои тӯпхонаию техникаи низомиро дар маҳаллаҳои истиқоматии пойтахт ва шаҳрҳои аҳолинишин ҷойгир кардааст.Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз тарафи Путин қабул шуд. Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд.Раҳбарони ин манотиқ дар бораи интиқоли аҳолии осоишта иттилоъ доданд.Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ муроҷиат карданд.Амалиёти Русия дар Украина: шаб чӣ гузашт?Президенти Русия ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуда, баъд аз он ду фармонро дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо имзо кард.Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".ҶХД аз тирборон шудани Горловка аз ҷониби нерӯҳои Украина хабар додБа гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор намедиҳад.
https://sputnik.tj/20220301/muzokirot-rusiya-ukraina-khushbin-1046381948.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045262002_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6267901d1f500f82528b1493d53394b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷхд, вазъ, украина, воллноваха
ҷхд, вазъ, украина, воллноваха
Дар ҶХД аз тирборон шудани сокинони Волноваха аз ҷониби миллатгароёни украинӣ гуфтанд
15:15 01.03.2022 (Навсозишуда: 18:07 01.03.2022) Хабари ҷиноятҳои даҳшатноки миллатгароёни украинӣ аз Волноваха расид
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Сокинони Волноваха, ки талош доштанд, манзилҳояшонро тарк кунанд, зери тирборони миллатгароёни украинӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора Ситоди дифои Ҷумҳурии Мардумии Донетск дар канали "Telegram"-и худ иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ки оташ ба рӯи сокинон аз ҷониби парчамдорони ранги сафед кушода шудааст.
"Миллатгароёни украинӣ соати 10:10 дар Волноваха сокинони осоиштаро тирборон карда, ба сӯйи мардуми осоишта бо парчами сафед аз шаҳр оташ кушоданд", - омадааст дар гузориш.
Пештар намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков гуфта буд, ки мақомоти Украина шаҳрвандони осоиштаро ҳамчун "сипари зинда" истифода мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, режими Киев сокинони ин шаҳрро ҳамчун сипари зинда барои миллатгароён истифода мекунад ва воҳидҳои тӯпхонаию техникаи низомиро дар маҳаллаҳои истиқоматии пойтахт ва шаҳрҳои аҳолинишин ҷойгир кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз тарафи Путин қабул шуд. Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд.
Раҳбарони ин манотиқ дар бораи интиқоли аҳолии осоишта иттилоъ доданд.
Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ муроҷиат карданд.
Президенти Русия ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуда, баъд аз он ду фармонро дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳо имзо кард.
Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор намедиҳад.