https://sputnik.tj/20220301/jkhl-ozod-shudani-15-mintaqa-1046374981.html
Дар ҶХЛ аз озод шудани 15 минтақаи дигар хабар доданд
Дар ҶХЛ аз озод шудани 15 минтақаи дигар хабар доданд
Sputnik Тоҷикистон
Пулиси халқӣ озод кардани ҳудуди ишғолкардаи Киевро давом дода истодаанд
2022-03-01T12:45+0500
2022-03-01T12:45+0500
2022-03-01T16:26+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
ҷмд
ҷхдк
донбасс
украина
дар русия
амалиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/01/1046372019_0:75:1190:744_1920x0_80_0_0_82054b696e87e52ad944d9479b495d00.jpg
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Пулиси мардумии ҶХЛ боз 15 маҳалли аҳолинишинро аз дасти нерӯҳои амниятии Украина озод кард. Дар ин бора милисаи халқӣ дар канали худ дар "Telegram" хабар медиҳад."Қисмҳои шуъбаи мудофиа маҳаллаҳои аҳолинишини Путилино, Артема, Широкий, Шулгинка, Теплое, Нижнетеплое, Верхнетеплое, Плотина, Петровка, Бахмутовка, Герасимовка, Малина, Нижняя Олховая, Верхняя Олховая, Камишноеро озод карданд", - гуфта мешавад дар хабар. Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз ҷониби Путин қабул шуд. Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд. Ин ҷумҳуриҳо дар бораи интиқоли аҳолии осоишта эълон карданд. Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ муроҷиат карданд. Президент ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуда, баъд аз он ду фармон дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳоро имзо кард.Нерӯҳои дарёӣ дурӯғи Зеленскийро таъйид карданд Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд". Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳро ба замин гузоранд ва ба хона баргарданд. Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина зарба намезананд: зерсохтҳои ҳарбӣ бо василаҳои дақиқ аз кор бароварда мешаванд.
https://sputnik.tj/20220301/amaliyot-rusiya-ukraina-1046373587.html
ҷхдк
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/01/1046372019_49:0:1141:819_1920x0_80_0_0_53d681d458a19831e6e69ac6f99f2ff8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷхл, озод шудан, украина
Дар ҶХЛ аз озод шудани 15 минтақаи дигар хабар доданд
12:45 01.03.2022 (Навсозишуда: 16:26 01.03.2022) Пулиси халқӣ озод кардани ҳудуди ишғолкардаи Киевро идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Пулиси мардумии ҶХЛ боз 15 маҳалли аҳолинишинро аз дасти нерӯҳои амниятии Украина озод кард.
Дар ин бора милисаи халқӣ дар канали худ дар "Telegram" хабар медиҳад.
"Қисмҳои шуъбаи мудофиа маҳаллаҳои аҳолинишини Путилино, Артема, Широкий, Шулгинка, Теплое, Нижнетеплое, Верхнетеплое, Плотина, Петровка, Бахмутовка, Герасимовка, Малина, Нижняя Олховая, Верхняя Олховая, Камишноеро озод карданд", - гуфта мешавад дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24 феврал аз ҷониби Путин қабул шуд.
Рӯзи 17 феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд.
Ин ҷумҳуриҳо дар бораи интиқоли аҳолии осоишта эълон карданд. Рӯзи 21 феврал раҳбарони ҷумҳуриҳои Донбасс ба раҳбари Русия Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ҶХД ва ҶХЛ муроҷиат карданд.
Президент ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуда, баъд аз он ду фармон дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳоро имзо кард.
Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд.
Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хост, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳро ба замин гузоранд ва ба хона баргарданд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина зарба намезананд: зерсохтҳои ҳарбӣ бо василаҳои дақиқ аз кор бароварда мешаванд.