https://sputnik.tj/20220301/amaliyot-rusiya-ukraina-1046373587.html
Амалиёти Русия дар Украина: шаб чӣ гузашт?
Амалиёти Русия дар Украина: шаб чӣ гузашт?
Sputnik Тоҷикистон
Байден хавфи чанги ядроиро намебинад. Бори аввал НАТО унсурҳои нерӯҳои вокунишро дар заминаи дифоъи дастаҷамъӣ ҷойгир мекунад
2022-03-01T12:12+0500
2022-03-01T12:12+0500
2023-10-02T17:10+0500
дар русия
амалиёт
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101646/34/1016463427_0:221:2805:1799_1920x0_80_0_0_6c59c22e672598fbd1050794a14404c8.jpg
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина идома дорад, хабар медиҳад РИА "Новости". Шарҳи мухтасари ҳодисаи шаби 28 ба 1 мартро дар зер бихонед. Пентагон ва ҷанги ҳастаӣРӯзноманигоре дар Кохи Сафед аз президент Ҷо Байден пурсид, ки "оё амрикоиҳо бояд аз ҷанги ҳастаӣ битарсанд?". Байден ҷавоб дод: "Не". Пентагон гуфт, ки ИМА таҳдиди Русияро ба ҳампаймонони НАТО мушоҳида намекунад. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷен Псакӣ гуфт, Вашингтон тамосҳои Байден ва президенти Русия Владимир Путинро истисно намекунад, аммо бовар дорад, ки ҳоло вақти муносиб барои ин нест. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида барои ҳалли дипломатӣ дар Украина омодааст. "Мeta" дастрасӣ ба RT ва Sputnik дар ИА-ро маҳдуд мекунад. Пайвастани Украина ба Иттиҳоди АврупоДархост барои пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупо сабт шудааст, гуфт намояндаи Украина дар Иттиҳодияи Аврупо Всеволод Чентсов. Сарони Булғористон, Ҷумҳурии Чех, Лаҳистон, Словакия, Словения ва кишварҳои Соҳили Балтик аз Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, ки фавран ба Украина мақоми як кишвари довталаб дода ва музокира дар бораи вуруди он ба иттиҳодияро оғоз кунад. Кумитаи низомии НАТО дар пайи як нишасти изтирорӣ гуфт, паймон барои нахустин бор унсурҳои нерӯҳои вокунишро дар заминаи дифои дастаҷамъӣ мустақар мекунад.ДОИШ дар УкраинаМуовини вазири умури хориҷии Сурия Башор Ҷаъфарӣ гуфт, хадамоти истихборотии Амрико қодир аст, террористҳои ДОИШ* ва дигар гурӯҳҳои радикалиро ба Украина интиқол диҳад, Вашингтон барои ин ҳама имконоти логистикиро дорад. Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида террористонро ба минтақаи Ат-танф (қаламрави Сурия, ки артиши ИМА ишғол кардааст) интиқол медиҳад ва аз он ҷо ба Афғонистон ва Буркина Фасо (Африқои Ғарбӣ) фиристода мешаванд. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон низоъ дар Украинаро баррасӣ кард. Эрдуғон омодагии худро барои кумак ба ҳалли низоъ эълом кард. Путин, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, вазири дифои ин кишвар Сергей Шойгу, муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ва дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев таҳти таҳримҳои шахсии Ҷопон қарор гирифтанд. Агар онҳо дар Ҷопон дороӣ дошта бошанд, онҳо мунҷамид мешаванд. Намояндагии ҶХД дар Маркази муштараки назорат ва ҳамоҳангсозии оташбас гуфт, дар тӯли 12 рӯзи низоъ дар ҶХД 20 ғайринизомӣ кушта, 62 нафар маҷруҳ шуданд, қариб 300 бинои истиқоматӣ, тақрибан 150 зерсохт осеб дидаанд. *ДОИШ як созмони террористӣ аст, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе кишварҳои дигар мамнуъ аст
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101646/34/1016463427_57:0:2749:2019_1920x0_80_0_0_7c60ca84949dafb801955c45a0d8851b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, вазъ, амалиёт, русия
украина, вазъ, амалиёт, русия
Амалиёти Русия дар Украина: шаб чӣ гузашт?
12:12 01.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Байден хавфи ҷанги ҳастаиро намебинад. Бори аввал НАТО унсурҳои нерӯҳои вокунишро дар заминаи дифои дастаҷамъӣ ҷойгир мекунад
ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина идома дорад, хабар медиҳад
РИА "Новости".
Шарҳи мухтасари ҳодисаи шаби 28 ба 1 мартро дар зер бихонед.
Рӯзноманигоре дар Кохи Сафед аз президент Ҷо Байден пурсид, ки "оё амрикоиҳо бояд аз ҷанги ҳастаӣ битарсанд?". Байден ҷавоб дод: "Не". Пентагон гуфт, ки ИМА таҳдиди Русияро ба ҳампаймонони НАТО мушоҳида намекунад.
Сухангӯи Кохи Сафед Ҷен Псакӣ гуфт, Вашингтон тамосҳои Байден ва президенти Русия Владимир Путинро истисно намекунад, аммо бовар дорад, ки ҳоло вақти муносиб барои ин нест.
Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида барои ҳалли дипломатӣ дар Украина омодааст.
"Мeta" дастрасӣ ба RT ва Sputnik дар ИА-ро маҳдуд мекунад.
Пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупо
Дархост барои пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупо сабт шудааст, гуфт намояндаи Украина дар Иттиҳодияи Аврупо Всеволод Чентсов.
Сарони Булғористон, Ҷумҳурии Чех, Лаҳистон, Словакия, Словения ва кишварҳои Соҳили Балтик аз Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, ки фавран ба Украина мақоми як кишвари довталаб дода ва музокира дар бораи вуруди он ба иттиҳодияро оғоз кунад.
Кумитаи низомии НАТО дар пайи як нишасти изтирорӣ гуфт, паймон барои нахустин бор унсурҳои нерӯҳои вокунишро дар заминаи дифои дастаҷамъӣ мустақар мекунад.
Муовини вазири умури хориҷии Сурия Башор Ҷаъфарӣ гуфт, хадамоти истихборотии Амрико қодир аст, террористҳои ДОИШ* ва дигар гурӯҳҳои радикалиро ба Украина интиқол диҳад, Вашингтон барои ин ҳама имконоти логистикиро дорад.
Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида террористонро ба минтақаи Ат-танф (қаламрави Сурия, ки артиши ИМА ишғол кардааст) интиқол медиҳад ва аз он ҷо ба Афғонистон ва Буркина Фасо (Африқои Ғарбӣ) фиристода мешаванд.
Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон низоъ дар Украинаро баррасӣ кард.
Эрдуғон омодагии худро барои кумак ба ҳалли низоъ эълом кард.
Путин, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, вазири дифои ин кишвар Сергей Шойгу, муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ва дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев таҳти таҳримҳои шахсии Ҷопон қарор гирифтанд.
Агар онҳо дар Ҷопон дороӣ дошта бошанд, онҳо мунҷамид мешаванд. Намояндагии ҶХД дар Маркази муштараки назорат ва ҳамоҳангсозии оташбас гуфт, дар тӯли 12 рӯзи низоъ дар ҶХД 20 ғайринизомӣ кушта, 62 нафар маҷруҳ шуданд, қариб 300 бинои истиқоматӣ, тақрибан 150 зерсохт осеб дидаанд.
*ДОИШ як созмони террористӣ аст, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе кишварҳои дигар мамнуъ аст