https://sputnik.tj/20220228/rusiya-ukrainiho-sipar-1046348204.html
Вазорати дифои Русия: украиниҳоро ҳамчун "сипари зинда" истифода мекунанд
Вазорати дифои Русия: украиниҳоро ҳамчун "сипари зинда" истифода мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Украина муҳосираи Киевро эълон карданд, аммо сокинон метавонанд шаҳрро бо роҳи кушода ва бехатар тарк кунанд
2022-02-28T16:31+0500
2022-02-28T16:31+0500
2023-10-02T17:09+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
ҷмд
ҷмл
қувваҳои мусаллаҳ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1a/1046300223_0:28:3543:2021_1920x0_80_0_0_3af0cce586d709fcfcb1a16714093bc7.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Мақомоти Украина шаҳрвандони осоиштаро ҳамчун “сипари зинда" истифода мебаранд. Дар ин бора Игор Конашенков, намояндаи расмии Вазорати дифои Русия ба хабарнигорон гуфт. Ба гуфтаи ӯ, дар ин кишвар соати комендантӣ эълон шудааст ва мақомот аз украиниҳо даъват мекунанд, ки дар хонаҳояшон бимонанд.Вай қайд кард, ки раҳбарияти ин кишвар мегӯяд, диверсантҳои Русия "гӯё дар Киев фаъолият доранду шаҳр дар муҳосира аст"."Феълан украиниҳо метавонанд пойтахтро аз тариқи роҳи Киев - Василков озодона тарк кунанд. Ин роҳ кушода ва бехатар аст", - афзуд ӯ. Конашенков афзуд, нерӯҳои мусаллаҳи Русия танҳо ба иншооти низомӣ ҳамла мекунанд ва чизе мардуми осоиштаро таҳдид намекунад. Илова бар ин намояндаи Вазорати дифоъ дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи Маскав дар Украина сухан гуфт. Ҳоло авиатсияи Русия аз ҳаво тамоми қаламрави кишварро таҳти назорат доранд.Нерӯҳои мусаллаҳи Русия беш аз 1000 иншооти зербинои низомиро дар Украина тахриб кардаанд. Ба ин 31 нуқтаи фармондеҳӣ ва марказҳои алоқаи қувваҳои мусаллаҳи Украина, 314 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 57 системаи мушакии сершумор, 121 артиллерия ва миномёти саҳроӣ ва 274 мошини ҳарбӣ дохил мешаванд. Ёдовар мешавем, ки тасмим дар бораи баргузории амалиёти вижа дар Украина рӯзи 24 феврал аз сӯйи Владимир Путин президенти Русия гирифта шудааст.Сурия омодааст, ҶХД ва ҶХЛ -ро эътироф кунадВай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд". Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хостааст, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳоро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.
https://sputnik.tj/20220228/borrel-ittihodiyai-avrupo-ukraina-havopaymohoi-jangi-1046339995.html
ҷмл
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1a/1046300223_406:0:3137:2048_1920x0_80_0_0_22988af10cfc6bb2d9ca1083fe9bee08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, вазъ, русия
Вазорати дифои Русия: украиниҳоро ҳамчун "сипари зинда" истифода мекунанд
16:31 28.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Мақомоти Украина аз муҳосираи Киев хабар доданд, аммо сокинон метавонанд шаҳрро аз тариқи роҳи боз ва бехатар тарк кунанд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Мақомоти Украина шаҳрвандони осоиштаро ҳамчун “сипари зинда" истифода мебаранд.
Дар ин бора Игор Конашенков, намояндаи расмии Вазорати дифои Русия ба хабарнигорон гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин кишвар соати комендантӣ эълон шудааст ва мақомот аз украиниҳо даъват мекунанд, ки дар хонаҳояшон бимонанд.
"Ин бори дигар собит мекунад, ки режими Киев сокинони шаҳрро ҳамчун сипари зинда истифода мекунад, чун воҳидҳои тӯпхонаӣ ва техникаи низомиро дар маҳаллаҳои истиқоматӣ ҷойгир кардаанд", - таъкид кард Конашенков.
Вай қайд кард, ки раҳбарияти ин кишвар мегӯяд, диверсантҳои Русия "гӯё дар Киев фаъолият доранду шаҳр дар муҳосира аст".
"Феълан украиниҳо метавонанд пойтахтро аз тариқи роҳи Киев - Василков озодона тарк кунанд. Ин роҳ кушода ва бехатар аст", - афзуд ӯ.
Конашенков афзуд, нерӯҳои мусаллаҳи Русия танҳо ба иншооти низомӣ ҳамла мекунанд ва чизе мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Илова бар ин намояндаи Вазорати дифоъ дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи Маскав дар Украина сухан гуфт.
Ҳоло авиатсияи Русия аз ҳаво тамоми қаламрави кишварро таҳти назорат доранд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия беш аз 1000 иншооти зербинои низомиро дар Украина тахриб кардаанд.
Ба ин 31 нуқтаи фармондеҳӣ ва марказҳои алоқаи қувваҳои мусаллаҳи Украина, 314 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 57 системаи мушакии сершумор, 121 артиллерия ва миномёти саҳроӣ ва 274 мошини ҳарбӣ дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тасмим дар бораи баргузории амалиёти вижа дар Украина рӯзи 24 феврал аз сӯйи Владимир Путин президенти Русия гирифта шудааст.
Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд.
Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хостааст, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳоро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон баргарданд.