Ҳайати Украина ба макони музокирот бо Русия рафт

© МИД Белоруссии / Гузариш ба медиабонкМесто проведения российско-украинских переговоров в Белоруссии
Место проведения российско-украинских переговоров в Белоруссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Ҳайати Украина бо чархбол ба макони музокирот бо Русия рафт
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ҳайати Украина бо чархбол ба макони музокира бо Русия, ба вилояти Гомели Беларус рафт, хабар медиҳад хабарнигори РИА "Новости".
Дар маҷмуъ, бо ду чархбол намояндагони Киев ба музокира рафтаанд.
Дафтари раисҷумҳури Украина изҳор дошт, ки намояндагони зерини ҷониби он вориди ҳайати гурӯҳи тамосанд:
вазири мудофиа Алексей Резников;
сардори ҷиноҳи "Хизматгори мардум" Дэвид Арахамия;
ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ Николай Точитский;
мушовири роҳбари Дастгоҳи президент Михаил Подоляк;
вакили Рада Рустам Умаров;
Андрей Костин, муовини аввали роҳбари ҳайати Украина.
Дафтари Зеленский гуфт, ки масъалаи аслии музокирот оташбаси фаврӣ ва хуруҷи нерӯҳо аз Украина аст.
Тарафҳо дар бораи мулоқоти як рӯз пеш ба мувофиқа расиданд.
Қаблан ҳайати Русия вориди Беларус шуд ва изҳор дошт, ки омодааст, намояндагони Киевро то соати 15:00 интизор шавад. Ризоияти мақомоти Украина чанд дақиқа қабл аз анҷоми ин муҳлат маълум шуд.
Флаги России и Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Натиҷаҳои эҳтимолии музокироти Русия ва Украина маълум шуд
Дар ҳамин ҳол Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, ки ба натоиҷи музокирот "аслан бовар надорад".
Рӯзи 21 феврал раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар посух ба муроҷиати ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск бо дархости эътирофи соҳибихтиёрии онҳо фармонҳои дахлдорро имзо кард ва рӯзи 24 феврал дар бораи оғози амалиёти вижаи низомӣ барои безарарсозии Украина хабар дод.
Вазорати дифоъ таъкид кардааст, ки онҳо ба ҳадафҳои ғайринизомӣ зарба намезананд.
Лентаи хабарҳо
0