https://sputnik.tj/20220228/duma-davlat-tahrim-gharb-duzdi-muqoisa-1046335002.html
Думаи давлатӣ таҳримҳои эҳтимолии Ғарбро бо дуздӣ муқоиса кард
Думаи давлатӣ таҳримҳои эҳтимолии Ғарбро бо дуздӣ муқоиса кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи Думаи давлатӣ Аксаков таҳримҳои эҳтимолии зидди захираҳои Русияро бо дуздӣ муқоиса кард
2022-02-28T13:25+0500
2022-02-28T13:25+0500
2022-02-28T16:40+0500
дар русия
иқтисод
таҳрим
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046334972_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_4ce9e59209775477a49eaf1b25fbf671.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Анатолий Аксаков, раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури бозори молӣ ба РИА "Новости" гуфтааст, таҳримҳое, ки Ғарб роҳандозӣ кардааст, захираҳои байналмилалии Русияро таҳдид мекунанд, ки дар асл дуздии амволи каси дигар хоҳанд буд. Қаблан раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен гуфта буд, ки Иттиҳодияи Аврупо якҷоя бо Иёлоти Муттаҳида, Британияи Кабир ва Канада дороиҳои Бонки марказии Русияро мунҷамид мекунад. ИМА алайҳи Путин ва Лавров таҳримҳо ҷорӣ кард: Русия чӣ посух додЯк мақоми ИМА гуфт, ки Амрико ва муттаҳидонаш қасд доранд, алайҳи Бонки марказии Русия чора андешанд, ки ба он имкон намедиҳад, захираҳои мавҷуди худро барои дастгирии рубл истифода барад, то таҳримҳоро ҷуброн кунад.Дар идома Аксаков изҳор дошт, ки "мо як ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ ҳастем ва албатта, ба истилоҳ ин шабеҳи рагҳои молиро буридан аст. Ин кор барои организми иқтисодӣ дардовар аст".Тибқи маълумоти Бонки марказӣ, захираҳои байналмилалии Русия то 18 феврал ҳадди ниҳоии таърихии худро нав карда, ба 643,2 миллиард доллар расидаанд. Бонки марказӣ маълумотро дар бораи ҳиссаи асъорҳо дар захираҳо бо таъхири шашмоҳа ошкор мекунад: ба ҳолати 30 июн ҳиссаи дороиҳои доллар дар портфели умумӣ 16,4%, евро 32,3%, юан 13,1%, дар фунт стерлинг 6, 5 фоиз, бо валютаҳои дигар 10 фоиз. Ҳиссаи тило 21,7 фоизро ташкил дод. Рӯзи якшанбе Бонки марказии Русия эъломияе нашр кард, ки дар он таъкид шудааст, барои нигоҳ доштани суботи молӣ ва таъмини муттасилии фаъолияти бахши молӣ дорои манобеъ ва абзорҳои зарурӣ аст.
https://sputnik.tj/20220227/korshinos-dollar-rubl-bolo-meravad-1046318648.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046334972_243:0:2972:2047_1920x0_80_0_0_87911f69484e4228e7c10602ee3467e0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия украина ғарб таҳрим
русия украина ғарб таҳрим
Думаи давлатӣ таҳримҳои эҳтимолии Ғарбро бо дуздӣ муқоиса кард
13:25 28.02.2022 (Навсозишуда: 16:40 28.02.2022) Раиси кумитаи Думаи давлатӣ Аксаков таҳримҳои эҳтимолии зидди захираҳои Русияро бо дуздӣ муқоиса кард
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Анатолий Аксаков, раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури бозори молӣ ба РИА "Новости" гуфтааст, таҳримҳое, ки Ғарб роҳандозӣ кардааст, захираҳои байналмилалии Русияро таҳдид мекунанд, ки дар асл дуздии амволи каси дигар хоҳанд буд.
Қаблан раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен гуфта буд, ки Иттиҳодияи Аврупо якҷоя бо Иёлоти Муттаҳида, Британияи Кабир ва Канада дороиҳои Бонки марказии Русияро мунҷамид мекунад.
Як мақоми ИМА гуфт, ки Амрико ва муттаҳидонаш қасд доранд, алайҳи Бонки марказии Русия чора андешанд, ки ба он имкон намедиҳад, захираҳои мавҷуди худро барои дастгирии рубл истифода барад, то таҳримҳоро ҷуброн кунад.
"Ин дар асл суиқасд аст, ин дуздӣ аст, дар асл моли каси дигарро рабудан аст", - шарҳ дод Аксаков.
Дар идома Аксаков изҳор дошт, ки "мо як ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ ҳастем ва албатта, ба истилоҳ ин шабеҳи рагҳои молиро буридан аст. Ин кор барои организми иқтисодӣ дардовар аст".
Тибқи маълумоти Бонки марказӣ, захираҳои байналмилалии Русия то 18 феврал ҳадди ниҳоии таърихии худро нав карда, ба 643,2 миллиард доллар расидаанд.
Бонки марказӣ маълумотро дар бораи ҳиссаи асъорҳо дар захираҳо бо таъхири шашмоҳа ошкор мекунад: ба ҳолати 30 июн ҳиссаи дороиҳои доллар дар портфели умумӣ 16,4%, евро 32,3%, юан 13,1%, дар фунт стерлинг 6, 5 фоиз, бо валютаҳои дигар 10 фоиз. Ҳиссаи тило 21,7 фоизро ташкил дод.
Рӯзи якшанбе Бонки марказии Русия эъломияе нашр кард, ки дар он таъкид шудааст, барои нигоҳ доштани суботи молӣ ва таъмини муттасилии фаъолияти бахши молӣ дорои манобеъ ва абзорҳои зарурӣ аст.