Дар ВМКБ 20 дараҷа сардиву дар Хатлон 22 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевМолодые люди сидят на лавочке в парке Рудаки в Душанбе
Молодые люди сидят на лавочке в парке Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Обуна шудан
Дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ фаромадани тореғ пешгӯӣ мешавад, вале ҳаво бебориш хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Оҷонсии ҳавошиносии кишвар мегӯяд, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар қисми шимолӣ шабона 15-20 ва рӯзона 9-14 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Манбаъ ҳавои вилояти Суғдро низ тағйирёбандаи бебориш арзёбӣ намуда, фаромадани тормеғро дар баъзе нҳияҳо пешгӯӣ мекунад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Сход лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Ҳушдор аз хатари тармафароӣ дар се рӯзи охири зимистон дар Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол дар ноҳияҳои алоҳида бо суръати 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0