Ҳушдор аз хатари тармафароӣ дар се рӯзи охири зимистон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Антон Подгайко / Гузариш ба медиабонкСход лавины, архивное фото
Сход лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Обуна шудан
Се рӯзи охири зимистон барои Тоҷикистон хатарнок хоҳад буд. Ҳавошиносон аз хатари фаромадани тарма ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Аз 26 то 28 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошшиносии Тоҷикистон.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Шамоли сахт мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 12-17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа гарм, рӯзона 17-22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш мешавад, вале меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 13-18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, меғи тунук мефарояд. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа гарм, рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0