Ҳайати Русия барои музокирот бо Украина озими Беларус шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкРоссийский флаг на Красной площади. Архивное фото
Российский флаг на Красной площади. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Обуна шудан
Ба ҳайати озим намояндагони Вазорати умури хориҷӣ, Вазорати мудофиа ва дигар идораҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла дастгоҳи президент ворид мешаванд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Як ҳайати Русия барои музокирот бо мақомоти Украина вориди Гомели Беларус шуд. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ба ин ҳайат намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дифоъ ва дигар идораҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла дастгоҳи раисҷумҳур ворид мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир Маскав омадани мақомоти Украинаро интизор аст.
"Мо омода ҳастем, ки ин музокиротро дар Гомел оғоз кунем, - " гуфт Песков.
Дар навбати худ Вазорати корҳои хориҷии Беларус қайд кард, ки Минск ҳама чизи заруриро барои мулоқоти ҳайатҳо омода ва ҳалли масъалаҳои протоколиро таъмин кардааст.
Қаблан маълум шуд, ки Киев ба далели шароити худ аз музокира бо Маскав худдорӣ кардааст. Дар натиҷа амалиёти вижаи низомии Федератсияи Русия дар Украина идома ёфт.
Ёдовар мешавем, Русия 24 феврал ба амалиёти безарарсозии Украина шуруъ кард. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар як паёми телевизионӣ гуфт, ки вазъ "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Захарова: Равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо расман қатъ нашудааст
Ба гуфтаи роҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвар хостааст, ки фармонҳои ҷиноии Киевро иҷро накунанд, силоҳҳои худро гузошта, ба хонаҳояшон раванд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна зарба назадаанд.
Вазорати дифоъ афзуд, ки марзбонони украинӣ "ҳеҷ гуна муқовимат нишон намедиҳанд", дар бархе маворид низомиён таслим мешаванд ва пас аз он имкони бозгашт ба назди хонаводаҳои худро доранд.
Лентаи хабарҳо
0