Дархости беш аз ҳазор зан дар ноҳияи Восеъ барои таъмини кор

© Sputnik / Стас ЭтвешНа фабрике по производству тканей, архивное фото
На фабрике по производству тканей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
Обуна шудан
Соли гузашта ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Восеъ 2572 нафар муроҷиат кард
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Аз 2042 корҷӯ 1208 нафарашро занон ташкил мекунанд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳамин давра ба 738 нафар зану духтар мақоми бекорӣ дода шуд.
Тибқи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ, 1273 нафар бо кор таъмин гардид. Музди миёнаи меҳнат 947 сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ноҳия 33 корхонаву коргоҳ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 900 нафар бо кор таъмин шудааст.
Цех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2022
Коренков гуфт, чӣ сармоягузоронро аз ба Тоҷикистон омадан метарсонад
Ҳамзамон масъулини ноҳияи Восеъ иттилоъ доданд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар минтақа ба беш аз 120 миллион сомонӣ расонда шуд.
Соли гузашта заҳматкашони ноҳияи Восеъ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 120 миллиону 502 ҳазор сомонӣ расонданд, ки 125 фисади нақшаро дар бар мегирад.
Бинобар иттилои манбаъ, ин нишондод нисбат ба соли 2020 24 миллиону 27 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 миллиарду 135 миллиону 293 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли пеш 56 миллиону 588 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷониби кишоварзон 2859 тонна маҳсулот содирот гардид, ки 108 дарсади нақшаро ташкил мекунад.
Лентаи хабарҳо
0