https://sputnik.tj/20220222/korenkov-sarmoyaguzoron-tojikiston-tars-1046134154.html
Коренков гуфт, чӣ сармоягузоронро аз ба Тоҷикистон омадан метарсонад
Коренков гуфт, чӣ сармоягузоронро аз ба Тоҷикистон омадан метарсонад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия гуфт, ки маҳз тоҷирон ва ширкатҳои бузурги Русияро аз ҳамкориҳои сармоягузорӣ чӣ метарсонад
2022-02-22T09:43+0500
2022-02-22T09:43+0500
2022-02-22T14:13+0500
дар тоҷикистон
дар русия
тиҷорат
иқтисод
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032466253_0:122:3082:1856_1920x0_80_0_0_beb357153674f528eac46eb43cf12087.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков гуфт, Федератсияи Русия ба фаъолсозии ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо ҷумҳурӣ умед дорад. Ба гуфтаи вай, тарҳҳои муштараки иқтисодӣ дар равобити тиҷории Русия ва Тоҷикистон нақши муҳим доранд, хабар медиҳад ТАСС. Коренков аҳамияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо Тоҷикистон, инчунин ҳалли масъалаи қарзҳо ва беҳбуди инфрасохтори таъминотро тасдиқ кард. Дар баробари ин ӯ зикр кард, ки ширкатҳои бузурги ду кишвар бояд дар бозорҳои Тоҷикистону Русия пайдо ва фаъол шаванд.Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия таъкид кард, ки яке аз мушкилоти аслии ширкатҳои русие, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунанд, вижагиҳои қонунгузории андоз аст. Вай тавзеҳ дод, ки сарбории андоз барои саноеи истихроҷ дар Тоҷикистон беш аз 50 дарсад аст ва ин дар навбати худ сармоягузорони бузургро аз ҳамкорӣ бозмедорад.Евгений Коренков афзуд, Тоҷикистон як бахши муҳими рӯзномаи иқтисодии байналмилалии Русия аст. Русия ба таъсиси корхонаҳои муштарак, ҳамкориҳои саноатӣ ва илмию техникӣ манфиатдор аст.Илова бар ин, ба гуфтаи Коренков, Федератсияи Русия аллакай дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ҳамчунин бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон оид ба ду дархости корхонаҳои саноати сабуки Русия ҳамкорӣ мекунад.“Айби комбайн”: таърифи намояндаи “Ростселмаш” аз техникаи кишоварзии ТоҷикистонСухан дар бораи пештозони бозор дар истеҳсоли либос ва либоси ягона меравад. Қарор аст, онҳо дар Тоҷикистон ба миқдори қобили мулоҳиза матоъ харидорӣ кунанд ва ҳамчунин фармоиш диҳанд ё “ба сармояи корхонаҳои тавлиди ришта ворид шаванд”.
https://sputnik.tj/20211201/gardish-mol-rusiya-tojikiston-1043861482.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032466253_88:0:2819:2048_1920x0_80_0_0_32d7dc84f41afdd6caae0c3d83a7ae3b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коренков сармоягузор тоҷикистон
коренков сармоягузор тоҷикистон
Коренков гуфт, чӣ сармоягузоронро аз ба Тоҷикистон омадан метарсонад
09:43 22.02.2022 (Навсозишуда: 14:13 22.02.2022) Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия гуфт, ки тоҷирон ва ширкатҳои бузурги Русияро аз сармоягузорӣ дар Тоҷикистон чӣ метарсонад
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков гуфт, Федератсияи Русия ба фаъолсозии ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо ҷумҳурӣ умед дорад.
Ба гуфтаи вай, тарҳҳои муштараки иқтисодӣ дар равобити тиҷории Русия ва Тоҷикистон нақши муҳим доранд, хабар медиҳад ТАСС.
Коренков аҳамияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо Тоҷикистон, инчунин ҳалли масъалаи қарзҳо ва беҳбуди инфрасохтори таъминотро тасдиқ кард. Дар баробари ин ӯ зикр кард, ки ширкатҳои бузурги ду кишвар бояд дар бозорҳои Тоҷикистону Русия пайдо ва фаъол шаванд.
"Барои эҳёи ҳамкориҳо бояд ба мушкилиҳои нозук, ки дар миёни онҳо қарзҳои ҳангуфти ҳалнашудаи Русия низ ҳастанд, аҳамияти беҳбуди инфрасохтори таъминот, бахусус масъалаҳои ҳамлу нақли бор ва дастгирии гумрукӣ таваҷҷуҳ зоҳир шавад",- гуфт ӯ.
Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия таъкид кард, ки яке аз мушкилоти аслии ширкатҳои русие, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунанд, вижагиҳои қонунгузории андоз аст.
Вай тавзеҳ дод, ки сарбории андоз барои саноеи истихроҷ дар Тоҷикистон беш аз 50 дарсад аст ва ин дар навбати худ сармоягузорони бузургро аз ҳамкорӣ бозмедорад.
Евгений Коренков афзуд, Тоҷикистон як бахши муҳими рӯзномаи иқтисодии байналмилалии Русия аст. Русия ба таъсиси корхонаҳои муштарак, ҳамкориҳои саноатӣ ва илмию техникӣ манфиатдор аст.
"На танҳо афзоиши мунтазами аҳолӣ, суръати баланди сохтмон, рафти рақамикунонӣ ва саноатӣ, балки имкони реэкспорт ба давлатҳои ҳамсоя низ ба нафъи ҷумҳурӣ аст", - хулоса кард намояндаи тиҷоратӣ.
Илова бар ин, ба гуфтаи Коренков, Федератсияи Русия аллакай дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ҳамчунин бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон оид ба ду дархости корхонаҳои саноати сабуки Русия ҳамкорӣ мекунад.
Сухан дар бораи пештозони бозор дар истеҳсоли либос ва либоси ягона меравад. Қарор аст, онҳо дар Тоҷикистон ба миқдори қобили мулоҳиза матоъ харидорӣ кунанд ва ҳамчунин фармоиш диҳанд ё “ба сармояи корхонаҳои тавлиди ришта ворид шаванд”.