Володин мегӯяд, Зеленский Киевро тарк кард: макони навашро нишон дод

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Государственной Думы Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Обуна шудан
Раиси Думаи давлатии Русия макони нави будубоши президенти Украинаро гуфт
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия мегӯяд, президенти Украина Владимир Зеленксий шаҳри Киевро тарк кардааст.
Зеленский аллакай рӯзи 25-уми феврал дар Киев қарор надошт, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Володин. Ӯ таъкид намудааст, наворҳоеро, ки президент нашр мекунад, қаблан сабт шудаанд. Макони нави будубоши Зеленский ва атрофиёнаш шаҳри Лвов гуфта шудааст.

"Ӯ аллакай рӯзи гузашта дар пойтахти Украина қарор надошт. Бо атрофиёнаш ба шаҳри Лвов гурехт. Дар он ҷо барои ӯ ва ёваронаш макони иқомат муҳайё шудааст", - гуфтаст Володин.

Раиси Думаи давлатии Русия изҳор доштаст, ки ин иттилоъро аз вакилони Радаи Олӣ гирифтаст, ки талош доштаанд, бо роҳбари давлат дар Киев мулоқот кунанд. Аммо онҳоро ба Лвов даъват кардаанд.
Ин дар ҳолест, ахиран президенти Украина навореро нашр кард, ки дар он ҳамроҳои сарвазири ин кишвар Денис Шмигал, роҳбари дафтари президент Андрей Ермак ва мушовир Михаил Подоляк дар Киев қарор доштанд.
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Сипоси Путин ба Ҷабборов барои ҳамраъияш дар амалиёти низомии Русия
Маврид ба зикр аст, ки 21 феврал Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд.
Дар пайи ин Путин 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода, афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи Путин Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад.
Лентаи хабарҳо
0