https://sputnik.tj/20220226/siposi-putin-jabborov-hamrai-nizomii-russia-1046302817.html
Сипоси Путин ба Ҷабборов барои ҳамраъияш дар амалиёти низомии Русия
Сипоси Путин ба Ҷабборов барои ҳамраъияш дар амалиёти низомии Русия
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Қирғизистон Киевро гунаҳкори асосии иҷро нашудани созишномаи Минск хондаст
2022-02-26T16:45+0500
2022-02-26T16:45+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар русия
содир ҷабборов
владимир путин
қирғизистон
амалиёт
низомӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042292500_0:0:753:423_1920x0_80_0_0_5cea4a8a866469867a5d1fbec0fffbb4.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва ҳамтои қирғизаш, Содир Ҷабборов, вазъияти марбут ба амалиёти низомӣ дар Украинаро баррасӣ кардаанд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кремл, раванди амалиёт мавзуи меҳварии суҳбати телефонии Путин ва Ҷабборов буд. Манбаъ афзуд, ки Содир Ҷабборов зимни суҳбат ба масъулияти Киев дар иҷро нашудани созишномаҳои Минск таъкид намудааст. Кремл мегӯяд, Путин ба ҳамтои қирғизистонияш барои мавқеъгирии усулӣ ва ҳамраъйӣ изҳори миннатдорӣ кардааст. Инчунин ҷонибҳо ҳавасмандияшонро барои таҳкими равобити Русия ва Қирғизистон баён дошта, аз шарикии стратегии ду кишвар зикр намудаанд. Таъкид мешавад, ки суҳбати мазкур бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон сурат гирифтаст. Маврид ба зикр аст, ки 21 феврал Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд. Дар пайи ин Путин 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода, афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд. Ба гуфтаи Путин Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад.
https://sputnik.tj/20220226/makron-buhron-ukraina-tuloni-idoma-1046297894.html
қирғизистон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042292500_23:0:690:500_1920x0_80_0_0_7cabf9342feccd2f748f6f574ff22457.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, путин, ҷабборов, амалиёт, низомӣ, русия
президент, путин, ҷабборов, амалиёт, низомӣ, русия
Сипоси Путин ба Ҷабборов барои ҳамраъияш дар амалиёти низомии Русия
16:45 26.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Президенти Қирғизистон Киевро гунаҳкори асосии иҷро нашудани созишномаи Минск хондааст
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва ҳамтои қирғизаш, Содир Ҷабборов, вазъияти марбут ба амалиёти низомӣ дар Украинаро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кремл, раванди амалиёт мавзуи меҳварии суҳбати телефонии Путин ва Ҷабборов буд.
Манбаъ афзуд, ки Содир Ҷабборов зимни суҳбат ба масъулияти Киев дар иҷро нашудани созишномаҳои Минск таъкид намудааст.
"Ҷабборов пуштибонияш аз амалиёти қатъии Русия барои ҳимояи аҳолии осоиштаи Донбассро баён доштааст", - омадааст дар иттилоия.
Кремл мегӯяд, Путин ба ҳамтои қирғизистонияш барои мавқеъгирии усулӣ ва ҳамраъйӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.
Инчунин ҷонибҳо ҳавасмандияшонро барои таҳкими равобити Русия ва Қирғизистон баён дошта, аз шарикии стратегии ду кишвар зикр намудаанд.
Таъкид мешавад, ки суҳбати мазкур бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон сурат гирифтаст.
Маврид ба зикр аст, ки 21 феврал Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд.
Дар пайи ин Путин 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода, афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи Путин Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад.