https://sputnik.tj/20220226/tamakorii-mard-zani-miyonsol-badnomsozi-1046297781.html
Тамаъкории мард аз зани миёнсол бо таҳдиди бадномсозӣ
Тамаъкории мард аз зани миёнсол бо таҳдиди бадномсозӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти милиса дар Тоҷикистон боз як ҳолати тамаъкории мард аз зан бо таҳдиди бадномсозиро ошкор кардаанд
2022-02-26T14:45+0500
2022-02-26T14:45+0500
2022-02-28T20:55+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кодекси ҷиноят
тамаъҷӯӣ
бадномкунӣ
зан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102951/83/1029518394_0:72:1451:888_1920x0_80_0_0_a8345129597bc5a40f375cd4ab40b957.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Зани 47-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба идораи милиса дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат карда, арз доштааст, ки туъмаи марди тамаъкор шудааст. Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки марди 37-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда, аз ӯ 15 ҳазор сомонӣ талаб дорад.Манбаъ афзуд, ки марди муттаҳам ҳангоми гирифтани 1,5 ҳазор сомонӣ аз ҷабрдида боздошт гардид. Мақомот мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 250, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.Ин банди Кодекси ҷиноӣ барои тамаъҷӯӣ бо таҳдиди бадномкунӣ аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.Чунин ҳолатҳои тамаъкорӣ дар Тоҷикистон қаблан низ ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумла ахиран дар Душанбе марди 31-сола боздошт гардид, ки бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-сола даромада, ӯро аз тариқи телефони мобилӣ навори видеоӣ ва аксбардорӣ кардааст.Манбаъ афзуд, ки баъдан марди муттаҳам аз ҷавонзан 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, ӯро таҳдид намудааст, ки дар сурати надодани маблағ наворҳои бараҳнаи занро ба хешовандони наздикаш, аз ҷумла бародараш нишон медиҳад. Муттаҳами мазкур низ боздошт гардида, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алаҳйи ӯ идома дорад.
https://sputnik.tj/20220218/pul-navori-uryon-bozdosht-mard-tamajui-1046007482.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102951/83/1029518394_0:0:1451:1088_1920x0_80_0_0_53d9c1ed2511b0c5510943130cb32295.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талаб, пул, тамаъкорӣ, таҳдид, бадномсозӣ, суғд
талаб, пул, тамаъкорӣ, таҳдид, бадномсозӣ, суғд
Тамаъкории мард аз зани миёнсол бо таҳдиди бадномсозӣ
14:45 26.02.2022 (Навсозишуда: 20:55 28.02.2022) Мақомоти милиса дар Тоҷикистон боз як ҳолати тамаъкории мард аз зан бо таҳдиди бадномсозиро ошкор кардаанд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Зани 47-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба идораи милиса дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат карда, арз доштааст, ки туъмаи марди тамаъкор шудааст.
Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки марди 37-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда, аз ӯ 15 ҳазор сомонӣ талаб дорад.
Манбаъ афзуд, ки марди муттаҳам ҳангоми гирифтани 1,5 ҳазор сомонӣ аз ҷабрдида боздошт гардид.
Мақомот мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 250, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ барои тамаъҷӯӣ бо таҳдиди бадномкунӣ аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Чунин ҳолатҳои тамаъкорӣ дар Тоҷикистон қаблан низ ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумла ахиран дар Душанбе марди 31-сола боздошт гардид, ки бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-сола даромада, ӯро аз тариқи телефони мобилӣ навори видеоӣ ва аксбардорӣ кардааст.
Манбаъ афзуд, ки баъдан марди муттаҳам аз ҷавонзан 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, ӯро таҳдид намудааст, ки дар сурати надодани маблағ наворҳои бараҳнаи занро ба хешовандони наздикаш, аз ҷумла бародараш нишон медиҳад.
Муттаҳами мазкур низ боздошт гардида, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алаҳйи ӯ идома дорад.