https://sputnik.tj/20220218/pul-navori-uryon-bozdosht-mard-tamajui-1046007482.html
"Пул деҳ ё навори урёнатро паҳн мекунам": Боздошти марде барои тамаъҷӯӣ аз зан дар Душанбе
"Пул деҳ ё навори урёнатро паҳн мекунам": Боздошти марде барои тамаъҷӯӣ аз зан дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Муттаҳам ҷавонзанро таҳдид кардааст, ки агар пул надиҳад, навору аксҳои урёнашро дар интернет паҳн мекунаду ба бародараш нишон медиҳад
2022-02-18T12:05+0500
2022-02-18T12:05+0500
2022-02-18T18:07+0500
дар тоҷикистон
тамаъҷӯӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
бадномкунӣ
мард
зан
маблағ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/17/1031321742_0:22:1920:1102_1920x0_80_0_0_cfc8e46fb29982f0a179db387d29e9b3.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 31-сола, сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳомои тамаъҷӯӣ хубар доданд. Ба итилои ВУД, маъмурини милисаи ноҳияи Шоҳмансур муайян кардаанд, ки муттаҳам бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-сола даромада, ӯро аз тариқи телефони мобилӣ навори видеоӣ ва аксбардорӣ кардааст. Манбаъ афзуд, ки баъдан марди муттаҳам аз ҷавонзан 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, ӯро таҳдид намудааст, ки дар сурати надодани маблағ наворҳои бараҳнаи занро ба хешовандони наздикаш, аз ҷумла бародараш нишон медиҳад. Ӯ инчунин ҳушдор додааст, ки наворҳоро дар шабакаҳои интернетӣ низ паҳн менамояд. Таъкид шудааст, ки ҷавонзани ҷабрдида ба хотири огоҳӣ наёфтани наздиконаш аз чунин навор ба таҳдидкунанда дар умум 4 ҳазору 500 сомонӣ додааст. ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 250, қисми 1-и Кодекси ҷинии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.Ин банди Кодекси ҷиноӣ барои тамаъҷӯӣ бо таҳдиди бадномкунӣ аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ ҳолатҳои бо таҳдиди бадномкунӣ аз занон гирифтани маблағ дар Тоҷикистон ошкор шуда буданд. Ҷабрдидаҳо дар бисёри ҳолатҳо барои пешгирии бадномшавияшон миёни ҷамъият ба тамаъкорон маблағ медиҳанд.
https://sputnik.tj/20220122/kormand-pulisi-dushanbe-shantazhi-finlandiya-1045059209.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/17/1031321742_0:0:1708:1281_1920x0_80_0_0_426e2d7a23504f0f57f03be45b058a60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, мард, муттаҳам, ҷавонзан, душанбе, тамаъҷӯӣ
боздошт, мард, муттаҳам, ҷавонзан, душанбе, тамаъҷӯӣ
"Пул деҳ ё навори урёнатро паҳн мекунам": Боздошти марде барои тамаъҷӯӣ аз зан дар Душанбе
12:05 18.02.2022 (Навсозишуда: 18:07 18.02.2022) Муттаҳам ҷавонзанро таҳдид кардааст, ки агар пул надиҳад, навору аксҳои урёнашро дар интернет паҳн мекунаду ба бародараш нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 31-сола, сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳомои тамаъҷӯӣ хубар доданд.
Ба итилои ВУД, маъмурини милисаи ноҳияи Шоҳмансур муайян кардаанд, ки муттаҳам бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-сола даромада, ӯро аз тариқи телефони мобилӣ навори видеоӣ ва аксбардорӣ кардааст.
Манбаъ афзуд, ки баъдан марди муттаҳам аз ҷавонзан 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, ӯро таҳдид намудааст, ки дар сурати надодани маблағ наворҳои бараҳнаи занро ба хешовандони наздикаш, аз ҷумла бародараш нишон медиҳад. Ӯ инчунин ҳушдор додааст, ки наворҳоро дар шабакаҳои интернетӣ низ паҳн менамояд.
Таъкид шудааст, ки ҷавонзани ҷабрдида ба хотири огоҳӣ наёфтани наздиконаш аз чунин навор ба таҳдидкунанда дар умум 4 ҳазору 500 сомонӣ додааст.
ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 250, қисми 1-и Кодекси ҷинии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ барои тамаъҷӯӣ бо таҳдиди бадномкунӣ аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ ҳолатҳои бо таҳдиди бадномкунӣ аз занон гирифтани маблағ дар Тоҷикистон ошкор шуда буданд. Ҷабрдидаҳо дар бисёри ҳолатҳо барои пешгирии бадномшавияшон миёни ҷамъият ба тамаъкорон маблағ медиҳанд.