https://sputnik.tj/20220225/zelenskiy-muzokiroti-kiev-maskav-oghoz-1046245937.html
Зеленский: Дер ё зуд музокироти Киеву Маскав оғоз мешавад
Зеленский: Дер ё зуд музокироти Киеву Маскав оғоз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Украина эълон кардааст, ки омода аст, бо Русия вориди музокирот шавад
2022-02-25T11:03+0500
2022-02-25T11:03+0500
2022-02-25T18:37+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
тадобири амниятӣ
ҷанг
музокирот
владимир зеленский
амалиёт
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041995605_0:165:3055:1883_1920x0_80_0_0_c7fe37321cc44d2cf72ba4b39bcac95b.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина изҳор кард, дер ё зуд музокироти миёни Киеву Маскав оғоз хоҳанд шуд. Тибқи иттилои РИА "Новости", Зеленский зимни як муроҷиаташ таъкид намудааст, ки гуфтушунидҳо ҳар қадар зудтар оғоз шаванд, ҳамон қадар талафот камтар хоҳанд шуд. Қаблан гурӯҳе аз вакилони парлумони Украина аз Зеленский хостанд, бо ҳамтои русиягияш Владимир Путинро фавран гуфтушунид оғоз намояд. Инчунин вакилон хостанд, гурӯҳи масъули парлумон созмон дода шавад, то машваратҳои стратегӣ бо Русияро баргузор намоянд. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи 24 феврал изҳор карда буд, ки музокирот замоне оғоз хоҳад шуд, ки Киев омода бошад. Ба гуфтаи Песков, президенти Русия тамоми иқдомоти зарурӣ барои Киевро зикр кардаст, то мушкилоти консептуалӣ ҳал шаванд. Ин ҷо масъалаи омодагии Украина аст, илова намуд ӯ. Маврид ба зикр аст, ки рӯзи панҷшанбеи 24 феврал Владимир Путин президенти Русия барои анҷоми амалиёти низомӣ алайҳи Украина қарор қабул кард. Ӯ дар муроҷиаташ ба русиягиҳо тавзеҳ дод, ки вазъи феълӣ "иқдоми қотеъ ва фавриро талаб мекунанд, чун ҷумҳуриҳои Донбасс ба Русия барои кумак муроҷиат кардаанд". Ба гуфтаи роҳбари Русия, масъули хунрезиҳо дар Украина низоми ҳукмрон дар ин кишвар хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни украинӣ хост, фармонҳои ҷиноиро иҷро накунанд, силоҳашонро гузоранду пеши фарзандонашон баргарданд.
https://sputnik.tj/20220224/zakharova-amaliyoti-donbass-peshgiri-jangi-buzurg-1046240190.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041995605_162:0:2893:2048_1920x0_80_0_0_c9c603d791dcba55d56cafbddbd445b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зеленский, дер, зуд, музокирот, киев, маскав, оғоз
зеленский, дер, зуд, музокирот, киев, маскав, оғоз
Зеленский: Дер ё зуд музокироти Киеву Маскав оғоз мешавад
11:03 25.02.2022 (Навсозишуда: 18:37 25.02.2022) Президенти Украина эълон кардааст, ки омода аст, бо Русия вориди музокирот шавад
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина изҳор кард, дер ё зуд музокироти миёни Киеву Маскав оғоз хоҳанд шуд.
Тибқи иттилои РИА "Новости", Зеленский зимни як муроҷиаташ таъкид намудааст, ки гуфтушунидҳо ҳар қадар зудтар оғоз шаванд, ҳамон қадар талафот камтар хоҳанд шуд.
"Русияро зарур меояд, ки дер ё зуд бо мо гуфтугӯ кунад. Гуфтугӯ барои қатъи амалиёти низомӣ ва анҷоми ҳамла. Ҳар қадар муколама зудтар оғоз шавад, ҳамон қадар талафот камтар хоҳанд шуд", - таъкид намудааст Зеленский.
Қаблан гурӯҳе аз вакилони парлумони Украина аз Зеленский хостанд, бо ҳамтои русиягияш Владимир Путинро фавран гуфтушунид оғоз намояд. Инчунин вакилон хостанд, гурӯҳи масъули парлумон созмон дода шавад, то машваратҳои стратегӣ бо Русияро баргузор намоянд.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи 24 феврал изҳор карда буд, ки музокирот замоне оғоз хоҳад шуд, ки Киев омода бошад. Ба гуфтаи Песков, президенти Русия тамоми иқдомоти зарурӣ барои Киевро зикр кардаст, то мушкилоти консептуалӣ ҳал шаванд. Ин ҷо масъалаи омодагии Украина аст, илова намуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи панҷшанбеи 24 феврал Владимир Путин президенти Русия барои анҷоми амалиёти низомӣ алайҳи Украина қарор қабул кард. Ӯ дар муроҷиаташ ба русиягиҳо тавзеҳ дод, ки вазъи феълӣ "иқдоми қотеъ ва фавриро талаб мекунанд, чун ҷумҳуриҳои Донбасс ба Русия барои кумак муроҷиат кардаанд".
Ба гуфтаи роҳбари Русия, масъули хунрезиҳо дар Украина низоми ҳукмрон дар ин кишвар хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни украинӣ хост, фармонҳои ҷиноиро иҷро накунанд, силоҳашонро гузоранду пеши фарзандонашон баргарданд.