https://sputnik.tj/20220226/ijro-barziyodi-naqsha-buja-sokhtmon-inshoot-1046297292.html
Иҷрои барзиёди нақшаи буҷа ва сохтмони иншоот ба маблағи қариб 1 млрд. сомонӣ
Иҷрои барзиёди нақшаи буҷа ва сохтмони иншоот ба маблағи қариб 1 млрд. сомонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон мегӯяд, нақшаи даромади буҷа дар соли гузашта барзиёд иҷро гардид
2022-02-26T13:45+0500
2022-02-26T13:45+0500
2022-02-28T20:33+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
вмкб
буҷа
сохтмон
маблағ
нақша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Нақшаи даромади буҷаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 113,6 фоиз иҷро гардид.Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ба ҷои 153,6 млн. сомонии нақша ба буҷаи вилоят 176,5 млн. сомонӣ ворид гардидаст. Ин аз ҳаҷми пешбиннишуда 21,2 млн. сомонӣ бештар аст, хабар додаст нашрияи “Садои мардум”.Дар мавриди хароҷот дар вилоят раис изҳор доштааст, ки он аз нақша камтар буда, 98,7% баробароб гардид.Зимни шарҳи сармоягузориҳо дар ВМКБ Мирзонабот хабар додааст, ки ҳоло дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 406,6 млн сомонӣ амалӣ шуда истодаанд.Ба гуфтаи ӯ, барои бозсозию роҳҳои вилоят низ садҳо млн доллар сармоя ҷалб шудааст. Аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳукумат ва шарикони рушд дар роҳҳои минтақа 204,6 млн доллар сарф шудаст. Илова гардид, ки дар назар аст, боз 323,6 млн доллар доллар барои навсозии роҳҳои вилоят дар назар дошта шудааст.Вай калонтарин лоиҳаи бахши нақлиётро дар вилоят сохтмони роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ -- дарвозаи Рӯшон хондаст, ки маблағи он 226,3 млн долларро ташкил дода, 93 километр роҳ, 15 пул, 2 нақб ва 5 долони зиддитарма бунёд хоҳанд шуд.Мақомот мегӯянд, феълан расмиёт барои оғози сохтмони роҳи мазкур дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд.
https://sputnik.tj/20220226/mirzonabot-nazari-prezidentro-borai-vaziyat-vmkb-1046296200.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷро, барзиёд, нақша, буҷа, даромад
иҷро, барзиёд, нақша, буҷа, даромад
Иҷрои барзиёди нақшаи буҷа ва сохтмони иншоот ба маблағи қариб 1 млрд. сомонӣ
13:45 26.02.2022 (Навсозишуда: 20:33 28.02.2022) Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, нақшаи даромади буҷа дар соли гузашта барзиёд иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Нақшаи даромади буҷаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 113,6 фоиз иҷро гардид.
Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ба ҷои 153,6 млн. сомонии нақша ба буҷаи вилоят 176,5 млн. сомонӣ ворид гардидаст. Ин аз ҳаҷми пешбиннишуда 21,2 млн. сомонӣ бештар аст, хабар додаст нашрияи “Садои мардум”.
Дар мавриди хароҷот дар вилоят раис изҳор доштааст, ки он аз нақша камтар буда, 98,7% баробароб гардид.
Зимни шарҳи сармоягузориҳо дар ВМКБ Мирзонабот хабар додааст, ки ҳоло дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 406,6 млн сомонӣ амалӣ шуда истодаанд.
Ба гуфтаи ӯ, барои бозсозию роҳҳои вилоят низ садҳо млн доллар сармоя ҷалб шудааст. Аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳукумат ва шарикони рушд дар роҳҳои минтақа 204,6 млн доллар сарф шудаст. Илова гардид, ки дар назар аст, боз 323,6 млн доллар доллар барои навсозии роҳҳои вилоят дар назар дошта шудааст.
Вай калонтарин лоиҳаи бахши нақлиётро дар вилоят сохтмони роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ -- дарвозаи Рӯшон хондаст, ки маблағи он 226,3 млн долларро ташкил дода, 93 километр роҳ, 15 пул, 2 нақб ва 5 долони зиддитарма бунёд хоҳанд шуд.
Мақомот мегӯянд, феълан расмиёт барои оғози сохтмони роҳи мазкур дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд.