https://sputnik.tj/20220226/facebook-tablighot-rasonaho-rusiya-man-1046293927.html
"Facebook" таблиғоти расонаҳои давлатии Русияро манъ кард
"Facebook" таблиғоти расонаҳои давлатии Русияро манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Корманди Facebook Глейхер гуфт, дар шабакаи иҷтимоӣ таблиғ ба расонаҳои давлатии Русияро манъ кардааст
2022-02-26T11:03+0500
2022-02-26T11:03+0500
2022-02-28T20:20+0500
facebook
таблиғот
манъ
расонаҳо
давлатӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102251/66/1022516619_0:0:3139:1767_1920x0_80_0_0_b860e71fa18169a09776f976b76cfc42.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. "Facebook" дар робита ба вазъи Украина барои расонаҳои давлатии Русия таблиғ ва монетизатсия дар платформаи худро манъ мекунад.Дар ин бора роҳбари Департаменти киберамнияти шабакаи иҷтимоӣ Натаниэл Глейчер хабар дод.Ба гуфти Глейчер, "Facebook" "вазъи Украинаро бодиққат назорат мекунад". РИА "Новости" аллакай огоҳинома гирифтааст. "Имконияти саҳифаи шумо барои ба даст овардани даромад аз сабаби вайрон кардани қоидаи монетизатсия маҳдуд шудааст", - гуфта мешавад дар огоҳинома.Қаблан "Роскомнадзор" дастрасӣ ба "Facebook"-ро дар шакли коҳиши трафик ҷорӣ карда буд. Ширкати интернетии "Meta Platforms", ки соҳиби ин шабакаи иҷтимоӣ аст, ба дархостҳои оҷонсӣ дар бораи бозпас гирифтани маводи сонсурии шабакаи телевизионии "Звезда", РИА "Новости", Агентии иттилоотӣ ва сайтҳои интернетии "Лента.ру" и "Газета.ру" посух надод.Рӯзи 24 феврал Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомие барои ғайринизомӣ сохтани Украина роҳандозӣ намояд.Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд ва аз низомиёни украинӣ даъват кардааст, ки фармонҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон бираванд.Фаронса ваъда дод, ки амнияти Зеленскийро таъмин мекунадБаъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом доданӣ нестанд, балки мехоҳанд кишварро ғайринизомӣ созанд.
https://sputnik.tj/20220226/bayden-kumak-ukraina-600-million-dollar-1046293475.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102251/66/1022516619_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ca10e68269ec3859228e1518c3fdb435.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳримот, facebook, расонаҳои давлатии русия
таҳримот, facebook, расонаҳои давлатии русия
"Facebook" таблиғоти расонаҳои давлатии Русияро манъ кард
11:03 26.02.2022 (Навсозишуда: 20:20 28.02.2022) Як корманди "Facebook" гуфт, дар шабакаи иҷтимоӣ таблиғи расонаҳои давлатии Русияро манъ кардааст
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. "Facebook" дар робита ба вазъи Украина барои расонаҳои давлатии Русия таблиғ ва монетизатсия дар платформаи худро манъ мекунад.
Дар ин бора роҳбари Департаменти киберамнияти шабакаи иҷтимоӣ Натаниэл Глейчер хабар дод.
Ба гуфти Глейчер, "Facebook" "вазъи Украинаро бодиққат назорат мекунад".
"Мо ҳоло ба расонаҳои давлатии Русия таблиғ ё пулкоркуниро дар платформаи мо, дар ҳама гӯшаву канори ҷаҳон манъ мекунем", - навиштааст ӯ дар Twitter.
РИА "Новости" аллакай огоҳинома гирифтааст. "Имконияти саҳифаи шумо барои ба даст овардани даромад аз сабаби вайрон кардани қоидаи монетизатсия маҳдуд шудааст", - гуфта мешавад дар огоҳинома.
Қаблан "Роскомнадзор" дастрасӣ ба "Facebook"-ро дар шакли коҳиши трафик ҷорӣ карда буд. Ширкати интернетии "Meta Platforms", ки соҳиби ин шабакаи иҷтимоӣ аст, ба дархостҳои оҷонсӣ дар бораи бозпас гирифтани маводи сонсурии шабакаи телевизионии "Звезда", РИА "Новости", Агентии иттилоотӣ ва сайтҳои интернетии "Лента.ру" и "Газета.ру" посух надод.
Рӯзи 24 феврал Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомие барои ғайринизомӣ сохтани Украина роҳандозӣ намояд.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд ва аз низомиёни украинӣ даъват кардааст, ки фармонҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон бираванд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом доданӣ нестанд, балки мехоҳанд кишварро ғайринизомӣ созанд.