Захарова: Амалиёти вижа дар Донбасс пешгирӣ аз ҷанги бузург аст

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкБрифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Сухнагӯи Вазорати хориҷаи Русия амалиёти вижаи артиши Русия дар Донбассро кӯшиши пешгирӣ аз ҷанби бузург донист
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия дар шарҳи авзоъ дар атрофи Украина гуфт, ки ин оғози ҷанг нест, балки ин кӯшиши ҷилавгирӣ аз ҷанги ҷаҳонӣ мебошад.
"Ин оғози ҷанг нест. Аввалан ин хеле муҳим аст. Талоши мо пешгирӣ аз ташаннуҷи вазъ аст, ки метавонад ба ҷанги ҷаҳонӣ табдил ёбад. Ва дувум, ин анҷоми ҷанг аст", - гуфт хонум Захарова дар шабакаи телевизионии НТВ.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ахиран эълон кард, ки дар бораи амалиёти вижаи низомӣ алайҳи Украина тасмим гирифтааст.
Дар як паёми телевизионӣ ба мардуми Русия ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс аз Русия кумак хостанд".
Украинские военные на трассе между Дебальцево - Артемовск 18 февраля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Як қисми низомиёни украинӣ ба сарбозони ҶМЛ пайвастанд
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳозираи Украина гузошта мешавад ва аз низомиёни украинӣ даъват кард, ки фармонҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба хонаҳои худ раванд.
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки нерӯҳои артиши Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна зарбаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ назадааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, танҳо инфрасохтори низомӣ, иншооти дифои ҳавоӣ, фурудгоҳҳои низомии нерӯҳои низомии Украина аз тариқи силоҳи ҳушманд нобуд шудаанд.
Вазорат дифоъ илова кард, ки ба мардуми осоишта ҳеҷ таҳдиде нест.
Лентаи хабарҳо
0